Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
пеш мекунанд. Хонаашро хонаи андоз мекардаанд. Он барои ғаллаҷамъкунӣ мувофиқ будааст. Остони писарамакаш чунин овозаро паҳн карда гаштааст.
Дар ҳавлӣ Бибизӯҳро гандум мешуст. Духтари хурдӣ бо кӯдакаш банд буд. Зан зуд гандумҳоро бо лаби гилем пӯшонду хест.
– Хоҳар, сари қадам шуморо хабар гирифта меравам, чунки кор дорам. – Баҳона овард Нуралӣ, то ки зан аз кораш намонад.
– Дар қадамҳои додари ҷон сарака мемонам, ман аз шумо ҳамин умеда доштам, ки рӯзе мани бекасро хабаргирӣ меоед. – Зан ба Ҳумоюн ҳам меҳрубонӣ кард, “бубинед қад ёзонда домодзеб шудааст” гуфта, рӯйи ҳавлӣ ҷой кард.
Бибизӯҳро солаш аз панҷоҳ гузашта бошад ҳам, қоматаш мисли сарв росту хушнаш расо. Ӯ зани кайвонист. Дар деҳа куҷое палави хуб пазанд, мегӯянд, ки палави Бибизӯҳро барин шудааст.
Аслан Бибизӯҳро аз деҳаи ҳамсоя – Сарчашма аст. Дар ҷавонӣ Олимбой ба тӯй рафта, ӯро дида ошиқ шуда будааст. Дар ҷиҳозаш як рама гӯсфанд додааст. Бибизӯҳро ба ғайр аз Толибҷон боз се духтари ба шавҳардода дорад.
Бештари хонаҳои Олимбой дар он сӯйи деворанд. Аз байн девори баланд бардоштаанд. Аз он сӯ овози ҳезумшиканӣ, бӯйи дуд, бӯи кабоб меояд.
– Сари қадам омадед ё бафурҷа омадед, як пиёла чойи хонаи рафиқатонро нӯшида, пас меравед. – Зан аз ток болишт гирифта ба танаи девор монд. – Ин ҷо гузашта такя кунед, – гуфт.
“Феъли мардуми озодаи мо аз гаҳи бостон чунин аст. Ҳама кору борашро як тараф монда, ба иззати меҳмон мерасад,” фикр кард Мансур ва болои курпача нишаст.
Зан чойникиро назди Нуралӣ гузошта гуфт:
Каме аз чойи ошнотон менӯшидагӣ буд, аз ҳамон дам кардам. Он бетолеъ чӣ қадар шуморо нағз медид.
– Дилро ба дил раҳест, гуфтагӣ барин ман ҳам он касро бародарвор дӯст медоштам.
– Вақти аз масҷид омаданатон қасри пӯшидаи Холи қатрона дидед? – Пурсид зан. – Аллакай се хонаро пӯшида либосу палос партофтааст. Ними халқ ҷамъ шудаю ба ном ҳашар карда, хонаашро мепӯшанд. Ҳама медонем, ки аз аввали омадшуд расми деҳа чунин аст. Касе иморат сар кард, одамон вақт ёфта як ё ду рӯз ба ёрӣ меоянд. Инро барои худ қарз меҳисобанд. Ҳангоме ки ману шумо хона мепӯшидем, ҳеҷ гоҳ ин қадар одам намеомад. Имрӯз моро таъна мекунанд, ки шумо ба муштамзӯрӣ хона мепӯшибед.
– Додатона ба кӣ мегӯед? – Оҳ кашид Нуралӣ. – Як замоне шуд, ки хармӯҳраро гавҳар меҳонанд.
– Дар забони додарам мурам, ҳаққи гапро гуфт. Чанд соле, ки ин бепоюқадамҳоро сардор мондаанд, мо аз тарсу таҳлукаю гуруснагӣ набаромадаем. Аҳволмон рӯз то рӯз бадтару бадтар. Ду ҷуфт барзаговамро соли гузашта барои колхози бетагашон бурданд. Аввали ҳамин баҳор як ҷуфташ ҳаром мурд. Ба онҳо нигоҳ намекунанд, юнуҷкаи тарак хӯрда мемуранд. Ба он барзаговҳои кӯҳбарин ҳоло ҳам дилам месӯзад. Аспе, ки Олимбой савор шуда мегашт, Остону

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор