Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Ароба ростмекардаҳо аз Доғистони Қафқоз, - афзуд Абдуллохон. - Аробаҳои ин ҷо партофтаро созу боз карда, бозор бароварда мефурӯшанд.
- Кӣ онҳоро мехарад?
- Талабгор пур! Аз Шаҳритус, аз дигар ҷойҳо омада, ҷон-ҷон гуфта мехаранд.
Абдуллохон ба хаймаи, ки дар назди дар ду хурчини пури китоб дошт, сар халонда, «ака Салоҳиддин, назди меҳмон биёед» гуфту раҳорах илова кард: -Марди ин ҷо қарордошта аз Бухоро. Мадраса хондагӣ, дӯкон доштаанд. Аз ҳисоби ҳавай рӯз мегузарондаанд. Ман дар хонаи ин кас иҷора менишастам. Баъде, ки аз аҳволам воқиф шуданд, пул нагирифтанд. Дар дохил боз се хӯрчин китоб доранд. Мегӯянд, ки як- ду ҳафта тоқат мекунам, то ки об паст шавад, пас дилпур шуда, китобҳоро бор карда мегузаронам.
-
Мардуми Бухоро мардуми бараҳманд. Лекин ба сарашон рӯзи сахт омад,- гуфт Мансур ва мушоҳида кард, ки дар назди чанд хаймаи он тараф низ хӯрчину халтаҳои китоб ҳаст.
-
Мушоҳида кунам, вазъи молиашон бад аст. Ҳамроҳашон фақат китоб доранд. Русҳо мебинанд, ки пул надоранд, пулашон медиҳанд. Баъзеҳо мегиранд, баъзеҳо «пули кофирро намегирам» гуфта, рӯ мегардонанд.
«Фоҷиа аз ин беш мешавад?» Мансур оҳ кашид ва пурсид:
-
Ду ҳафта боз ин ҷоед, аз ин пеш куҷо будед?
Нигоҳи Абдуллохон ғамолуд шуд. Дақиқае хомӯш истод ва ба нақлаш идома дод: -
Пас аз он, ки ағбаи Китобро фуромадем, аз раҳгузарҳо шунидам, ки болшевикҳо Қарширо талаю тороҷ карда, ба тасарруфи Бухоро рафтаанд, ба Косон омадам. Як сол он ҷо интизор шудам. Он ҷо писари калонӣ, Муқимҷон шикамдард шуд. Дорую табибӣ кардем, домулло овардем, натиҷа надод. Яке маслиҳат дод, ки иқлимро дигар кунед. Саросема Бухоро омада хона ичора гирифтам. Ду рӯз гузашта бача беҳол шуд. Бо маслиҳати ҳамсояҳо кӯдакро ба беморхонаи русҳо бурдам. Духтуре кӯдакро муоина карда, ба тоҷикӣ пурсид: Дар шиками кӯдак «рафидаи гарм мондед?» «Ду ҳафта шуд, ки рафида мемонем», -гуфтам. Табиб гуфт, ки атрофи нофаш газак гирифтааст. Дар сандалии гарм хобонед». Рус бо ғазаб тарафам нигариста гуфт, ки «кӯдакро дер овардед. Ба табиби аблаҳатон гӯед, ки минбаъд ба чунин беморҳо гармӣ нафармояд!» Баъд фаҳмем, бечора кӯдак варами кӯрруда шуда будааст.» Ҳамон бегоҳӣ бача вафот кард.
«Он андӯҳи дар чашмони Абдуллохон хобрафта мусибати фарзандаш будааст». Мансур бо овози паст гуфт:
-
Ин кӯҳи ғам дар дили ман ҳам нишастааст.
-
Дар Бухоро рӯзамон надоданд, - афзуд Абдуллохон. - Ким-чи гуна як балое бо номи комиссияи фавқулодда (тройка) бароварданд, ки мисли ғуза ҳамаро мегазид. Маро низ ба пурсуҷӯ кашиданд. Харчи як фарғонагии мансабдор ҳамроҳашон кор мекардааст, Худованд ба дилаш раҳм андохту оҳиста ба гӯшам гуфт: «Зуд кӯчу бандро бардошта, як муддат аз ин ҷо равед!» Дами субҳ аз Бухоро берун шудаму нияти Афғонистон кардам. Ин ҷо омадаму занам ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор