Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
АдабиётҚисса
Аз аввал хонданСамоворчӣ ҷониби Мансур нигоҳ накард. Онсӯтар рафта, бафурҷа чӯбҳои ғафсро ҷудо карда, ба таги самовор партофт, пас рост хеста, ба самте чашм дӯхта гуфт:
- Ин ҷо навбат нест. Касе хоҳад, ҳозир ҳам гузашта меравад. Шаб ҳам хоҳад, мегузарад. Шабҳо маҳтоб баланд аст. Мисли рӯз рӯшан. - Ва сӯйи марду занҳое, ки аз пайраҳаи байни найзор ҷониби дарё мерафтанд, ишорат карда гуфт: - Ин гурӯҳ соате пеш аз Фарғона омад. Як ҷой нӯшиданду аллакай «юл борганга юл яхшӣ» гуфта, ба роҳ даромаданд.
- Чои хоб ёфт мешавад? - пурсид Мансур.
Самоворчӣ боз ҳам ҷавоб надод ё нашунид, аз машки ба дарахт овезон, ки поёнаш ба ҷомаи кӯҳнае печонда шуда буд, ба самоворҳо об рехт ва ҷониби аробаҳо, ки он ҷо уштури бузургҷусае аз даҳонаш кафк парондаю уштулум доштаву уштурҳои бастаро мегазид, нигоҳ карда, «уштури аз қазоқ омада ҳамааш масту бетартиб», - гӯён ғур-ғур кард.
Мансур бо андаке ситезманди суханашро такрор кард.
Самоворчӣ сӯи Мансур озмоишкорона нигариста гуфт: - Онсӯтар рафта, байни каппаҳо гардед, - агар каппаи холӣ наёфтед, биёед, ман заминкан дорам; пӯстаку курпа ҳаст. Пулаша медиҳед.
- Самоворчӣ мардум аз пул серӣ надорад, - Мансур киноя зада, аз ӯ дур шуд.
Соҳил дусад қадам барин найзор асту пас ҷангали зич ва он тараф теппаҳо шурӯъ мешаванд. Най чунон баланд аст, ки аспро бо савораш пиҳон мекунад. Дар ҷое, ки баҳоррӯя даравидаанд, най қади одам аст. Якчанд чойро ба наздикӣ ба қади оғил даравида, мол дарун кардаанд. Он ҷо мисли ҳота маҳкам аст. Дар гӯшае, ки моҳдик аст, ду нафар зан либос мешӯянд. Зане оташи хомӯшшударо ҳам шуда пуф-пуф карда гиронданист. Дуртар аз самоворчӣ назди хаймаи, ки ҳезум туп карда шудааст, зани ғафсаки хунукрӯе куртаашро чаппа карда дар алов медорад. Самоворчӣ ҷонибаш пӯписа кард. - Ҳой занаки бешарм, ту чӣ дард дорӣ?! Мемурӣ-чӣ?! Чой шабушткадиатро ёфтӣ!
- Ини худама накарда истодаам, - гуфт зан бо овози паст ва ба ангушт каппаи ҳамсояаашро нишон дод.
Самоворчӣ бештар даргазаб шуда, чӯби дарозе бардошта раҳораҳ бо овози баланд фарёд зад: - Ҳоло ҳама либосатро дар алов мепартоям! Хез аз ин ҷо, гум шав...
- Шӯям набушад, хонаю дар набушад, куҷо равам? - Зан бепарво корашро давом додаю дақиқае пас бо ғазаб илова кард: - Ту, мумсик пули маҳшара ҷамъ мекунию ба ман як қулт оби чӯши бе пул намедиҳӣ! Дар сарат алов!..
Касе аз дасти Мансур дошт. Ӯ баргашта дар рӯбарӯяш Абдуллохони хӯқандиро дид. Ҳарду аз вохӯрии ногаҳонӣ шод шуданд. Дар тани Абдуллохон ҷомаи чити рангпарида, дар сар рӯймол бастааст. Он шукӯҳмандии пештарааш нест. Дар қаъри чашмонаш як андӯҳи мурда намоён. Мисли маслухи гандида дар паҳлуи роҳ. - Дар хаймаи мо ҷой тайёр. Як меҳмон ҳам дорем, - гуфт Абдуллохон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор