Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷониби Худованд ба бандаҳояш тақдим шуда. Мо ба он нур тавҳидро шинохтем. Алҳол дилосоию дилангезии миллати мусулмон дар намоз мондаасту бас.
Намоз саломатист, хотирҷамъист. Намоз ва ҳар кореро аз бисмиллоҳ шурӯъ кун. Бисмиллоҳ, ки гуфтӣ, кори пешгирифтаат бо либоси мехостаат пӯшонда мешавад. Аз гӯшат набарор.

То обро ҷӯшонда ба сари дастархон нишастанд, ки торикӣ фуромад. Мансур нонпораҳоро аз таги хӯрчин гирифт ва чашмаш ба кулчае афтод, ки Зулайҳо дода буд. “Якто мондааст,” хурсанд шуд. Кулчаро бо ҳавасу ҳасрат ба даст гирифта, бӯй кашиду ба лабаш бурд ва боз ба ҷояш гузошт.

– Чаро дар хона хоб нарафтем? – Пурсид Ҷовид.

Мансур лаҳзае диранг карда гуфт:

– Аз он хонаҳо соҳибонашон маҷбур шудаю бо дили сиёҳ баромада рафтаанд. Он сиёҳӣ он ҷо монда. Касе дар он хонаҳо хоб мекунад ё аз онҳо чизе мегирад, дили вай ҳам сиёҳ мешавад.

Ба андешае, ки Ҷовид дар вақти хоб натарсад, аз морҳои дидааш чизе нагуфт.

– Ҳоло то Афғонистон дур аст? – пурсид Ҷовид.

Мансур надонист, ки чӣ ҷавоб диҳад. Вай то ҳол ба забон наовардааст, ки ба Афғонистон мераванд.

– Касоне, ки аз Афғонистон меоянд, ҷойи хуб аст, мегӯянд? – Ҷовид ором намешуд.

– Гӯш кун, бачаҷон, ҳоло маълум нест, ки мо куҷо меравем. Дили маро пурсӣ, аз ватан ҷое рафтани нестам. Ин гапҳоро мону ин ҷо гузашта дароз каш, ки пагоҳӣ барвақт ба роҳ мебароем. – Ӯ аз болои хӯрчин ҷома партофт.
-Хез! Зуд хез!

Ҷовид дилу бедилон болои ҷома дароз кашид.

Мансур алафи аспро партофта омаду дасташро болои китфи Ҷовид ниҳод.
Ӯ шиддат гирифтани шамолро дида, хеста болои оташи аловгирифта об зад.
Атроф торик буд. Ду-се қадам онсӯро намебинӣ. Дилашро ваҳм гирифт. Фикр кард, ки деҳи вайронаро сари чашмаш ҳам хатарнок аст. Аслан ин ҷо наистода мерафтанд, хуб буд. Шамшерро аз хӯрчин бароварда, паҳлӯи чакман монд. Аз таъсири зин суринҳояш чиз-чиз ба дард даромаданд. Яке ба гӯшаш садои «Бумм! Бумм...» омад. Ин чуғз аст. Овозаш аз тори дарахти чормағзи поёни чашма меояд. Чунон бад аст, ки ба гӯшат мисли тӯпи урус мерасад. Ин шумқадам вайронаро ки ёфт, илҳомаш меояд. Оҳиста дасташро рӯи бадани Ҷовид гузошт, ки ӯ боз савол дод:

– Холаи Зулайҳо фикр намекунанд, ки мо гурехтем?

– Ҳоло ҳам хоб нарафтай? - Мансур сарашро бардошта, ба Ҷовид нигарист. - Чӣ фикрҳо ба сарат меоянд? Бачаҷон, дигар гапу ҳарф бас. Хоб мекунем.
Рӯяшро ба рӯи писараш монда, ба дилаш омад, ки дар ин замин барояш ҳамин қадар чиз мондааст. Давомдиҳандаи дудмони Мансуриён. Акнун бояд ҳамаи нерӯяшро ба кор бурдаю эҳтиёташ кунад. Касб омӯзад. Тавонад, хононад...

Дере нагузашта Ҷовидро хоб бурд. Вале хоби худаш ба тамом парид. Пештар, ҳангоме ки кулчаи Зулайҳододаро ба даст гирифта буд, мавҷи шодии латиф
ва нозуке ба дилаш ворид шуд. Аммо ҳоло, ки номи он занро аз даҳони фарзандаш

пешина
аз 613
навбатӣ