Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
сурхаш зардча менамуд. Лабону даҳонаш хунолуд. Яктарафа гашт ва ҳамзамон ба назараш намуд, ки одамон, хонаву теппаҳои атроф, кӯҳи Душоха, осмонсой бо лахта-лахта абрҳои дураш ҳама якҷо шуда, ӯро бо худ гирифта, давр мезаданд. Пас ба назараш Анварпошо намудор шуд. Вай дар тори баландии байни роҳ, ҷое, ки тир хӯрдааст, рост истода, бо нигоҳи таҳсиномез ва нимтабассуми хосаш ба ӯ менигарист. Хестанӣ шуд, ки натавонист. Зӯр зада, овоз баровард:
– Мисле ки дар даруни оташам.
Чилавдораш Гадобойи Чоёбӣ сарашро рӯйи зону гирифт. Сӣ-чил қадам онсӯтар командири асирро дид, ки кӯшиши хестан дорад. “Ин сагро кушед, ки маро паронд”, гуфт бо овози паст. Ва равшан ҳис кард, ки дақиқаҳои охири умраш мегузаранд. Ҳушашро ҷамъ карда, хуни ба даҳонаш омадаро туфиду ба Гадобой васият кард:
– Писарам, Гадобой, маро бо Анварпошо ва ёроне, ки ба ҷафо худро қурбон карданд, дар тори теппаи рӯбарӯ гӯронед. Бигзор ояндаҳо донанд, ки мо барои ин диёри азиз чӣ ҷоннисорӣ кардем. Нафасаш тангӣ кард. Тарси марг безобитааш кард. Фурсате гузашту овози пасти ҳирросӣ баровард ва ҷон ба ҷонофарин таслим кард.
Мардуми Балҷувон, вақте ки пешвои маҳбуби худро афтода диданд, хурду бузург, занҳои ба тамошои намоз омада аз роҳ гашта, сангу кулӯхи ба дасташон омадаро бардошта ба сари аскари болшевик тохтанд. Як ҳолати бехудию нотарсӣ ва хоҳиши аз душман қасос ситондан ҳамаро фаро гирифта буд. Касе аз маргу мурда парво надошт. Аз тиру дами шамшер ба замин меафтиданду дар ҳамон ҳолат хокро ханҷол зада, ба чашми душман мепошиданд. Аскари сурх ин дарёи нафрату ғазабу хатарро дида, саросема пас гашт. Мардуми шӯрида аз паси душман то поёни деҳа рафта, сипас хурӯшону нолон ақиб гаштанд. Дар атрофи идгоҳ, болои роҳ, рӯйи замин ҷасади муллою деҳқон, муҷоҳид ва кӯдакони бо ҳавасу шодӣ ба ид омада ғарқи хун хобидаанд. Ҳама либоси идона дар бар доштанд. Аз деҳа занону пирон бо фарёду фигон меоянд. Мегӯӣ рӯзи маҳшар аст. Чашми Мансур ба аспи Тоҳирҷон афтид, ки дар танаи ҳамон дарахти пагоҳӣ бастааш сархам истодааст. Дуртар аз дари масҷид ҷасади Тоҳирҷонро дид, ки рӯ ба осмон хоб аст. Яктаҳи беқасаби пагоҳӣ пӯшидааш дар хун тар шуда. Атрофи чашмону даҳони ялаашро пашаҳо чун хати сиёҳ печондаанд. Хуни мурдаҳои поёни девори мазоргоҳ ба чӯйи беоб рехтаю, панҷ-шаш қадам рафта хушки сахт шуда мондааст.
Пеши назари Мансур гиряву нолаҳои ҷонсӯзи холаи Робия омаду дар ин рӯз бори аввал мондагиро ҳис карда, рӯйи замин нишаст ва бо овоз гиря кард.
Падарӯ писар наздики ғуруб ба деҳае расиданд, ки бошандагонаш фирор кардаанд. Мансур фикр кард, ки аз воқеаи Балҷувон ду ҳафта гузашта бошад ҳам, куштори бераҳмонаи рӯзи ид, нолаҳои шабонрӯзии холаи Робия бар марги Тоҳирҷонаш ва лаҳзае, ки ба сари калпеси ғӯладинг бо шамшер заду хунаш фавпора зад, аз пеши назараш дур намераванд. Боз ба ёдаш омад, ки ғӯладинг гӯё чизе пурсиданӣ шуду Мансур нафаҳмид. Вақте баъдтар аз рӯи оҳанги суханаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор