Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

гашта ба хоки Ҳиндустон медарой. Ин хабар Анварпошоро ҳавасманд кард, ки ба пурсуҷӯ даромад.

Аммо Мансур ҳамчунон банди андешаҳояш буд: “Анварпошо ҳангоме ки ба ин ҷо омад, аксари мардуми туркзабон дар шахси ӯ пуштибонро дида, дар атрофаш парвона шудаю “угулим, узимизни, ҷону танимиз” гуфтаю ифтихор мекарданд. Аммо дар лаҳзаи душвор нахуст ҳамонҳо партофта рафтанд. Тоҷикҳо дар атрофаш монданд. Фитрати азалиашон нагузошт, ки як марди мусулмону мусофир, ки номуси мардуми мусулмон, ҳимояи дину оин гуфта омадааст, танҳо монад. Давлатманд медонад, ки ба хотири Анвар болшевикҳо халқашро небуд мекунанд. Деҳаи пояш расидаро чапагардон мекунанд. Мардум зироати ба даҳан расидаро партофта, деҳа-деҳа ба он сӯи дарё мераванд. Аммо аз ӯ ҷудо намешавад. Ба хотири Мансур воқеаи дирӯза омад. Аз Обдара поён шудаю аз назди хирмане мегузаштанд, ки як гурӯҳ хирманкӯбону даравгарон сари роҳашонро гирифта гуфтанд: “Мо фаҳмидем, ки болшевикҳо бар ивази сари Анварпошо як саноч тилло ваъда кардаанд. Анварпошо, писарам, дон, ки як саноч не, агар хазинаи Бухороро бо амираш биёранд, ки мо мӯйе аз меҳмонамонро нахоҳем дод!” Анварпошо дасти пирамарди рӯяш пурочинг ва гарди коҳ нишастаро ба кафаш гирифта ба лабомаш ниҳод ва баъде, ки дуртар рафтанд, ба баҳонаи тоза кардани рухсора, ашки чашмонашро пок кард.

– Шом шуд! - гуфта хестани Муллоҳамроҳ ҳамаро ҳушёр кард. Мансур, ки ғарқи хаёл буд, ба худ омада, аз суфа поён фуромад ва ба ишораи ҳамроҳон, ки ба сафи пеш гузаред мегуфтанд, эътибор надода, дар ақиб ҷой гирифт.

– Холаҷон, то аз намоз баргаштани мо Ҷовидро аз ҳавлӣ берун рафтан нагузоред, - Мансур пағоҳии ид холаи Робиаро назди дари ошхона дида, наздаш рафт. - Вай каме эрка аст. Рӯйи хотир накарда, сахт гӯед. - Ва пурсид: - Амаки Сайфуллоҳ рафтанд?

– Он кас ба торикӣ рафтанд,- дастони хола хамиролуд буд.- То омада-натон чангулӣ тайёр мекунам,-гуфта ваъда кард.

Мансур аз хӯрҷин ҷомаи маъракавиашро гирифта, раҳораҳ ба китф партофт, ба ёдаш омад, ки имрӯз душанбе аст.

Тоҳирҷон дар берун аспҳоро тайёр кардааст. Ҷонварҳо пазмони роҳ шудаанд, ки беқарор шудаю бадқаҳрона сулук мехоянд. Шаб Анварпошо фармон дод, ки сарбозҳо бо аспу аслиҳаашон ба намозгоҳ раванд. Мансур мушоҳида кард, ки Тоҳирҷон ҷавони сафедчеҳраи баландболо асту ба танаш яктаҳи беқасаб мезебад. Аспаш ҳам абзори идона дорад. “Ин ҳам мисли Баҳодури ман ба асп ҳавас доштааст. Аз байн чор сол гузаштаасту ҳар ҷавони зебоеро бинам, ба ёдаш дилам гум мезанад. Шаҳбозам, қасоси падар мегирам гуфтию ба дили падар захме задӣ, ки решаш равон асту равон...”

Холаи Робиа баромада ба Тоҳирҷон фотиҳа дод ва бо ҳавасу шодӣ ба писар синчакорона зеҳн монда гуфт:

– Дар қаду бозӯи шоҳин ҷонам аз Бухоро занат меорам.

пешина
аз 613
навбатӣ