Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Бо Бошкирдистон ҳам ҳамин бозиро карданд, - гуфт Валиш, яке аз ёрони Анвар, ки поёнтар менишаст. - Чор-панҷ моҳ истиқлоляташон доданду пас ба Русия ҳамроҳ карданд. Ба Хева, Олош, Урдаву Тошканд низ чунин корро лоиқ диданд. Сарварҳояшон ҷамъ шуда, хостанд назди Ленин рафта, гӯянд: “Ваъда дода будӣ, ки ба халқҳо ҳуқуқи истиқлолят медиҳем, магар аз хотираш баромад?” Онҳоро ба ҷурми “ташкили ҳукумати буржуазияи миллатгаро” зиндонӣ ва баъзеҳоро нобуд карданд.
– Болшевикҳо дар пайи иҷрои мақсадашон аз ҳеҷ рӯсиҳӣ даст намедоранд, - гуфт Анварпошо. - Лекин мо халал расондем. Вагарна нияти ба Афғонистон ва он тараф то Ҳиндустон рафтан доштанд. Аммо ҳамсояҳо ба мо ёрӣ надоданд.
Мансур ба Анварпошо нигариста, аз дилаш гузаронд: “Шумоён, ки замоне ҳамнишин будед, дарди дили ҳамдигарро медонед”.
Давлатманд дар давра камтар менишаст. Ин тараф - он тараф гашта, ба дегу дастархон, ба иззату икроми меҳмонон назорат мекард.
Анварпошо ба дастархон чандон эътибор намедод, маълум буд, ки фикраш парешон аст. Ӯ ҷониби домуллои дар паҳлӯяш нишаста нигариста, суханашро идома дод:
– Ақаллан тир надоданд ҳамсояҳотон, домулло. Поси хотири ҳамсоягиро надоштанд.
– Шояд Худованд ба дилашон андозад. - Домулло маҳин табассум кард.
Муллоҳамроҳ наздиктари домулло ғачид. Пагоҳӣ дар Обдара ӯ гуфта буд, ки намози ид аз ҷону аз ватан боло меистад. Ба ҳар ҳол маънои суханах ба чунин мазмун буд. Ҳаво гарм бошад ҳам, дар танаш ҷомаи тики навдӯхт дошт. Ӯ бо овози чирросияш ба сухан шурӯъ кард:
– Яздони ҳамабин ҷониби шуморо ба пешвоии ин халқи мазлум пешандоз карда овард. Ҷонбозиҳо кардаду номи мубораки “ғозии дини ислом”-ро гирифтед.
– Домулло, ин гапҳоро монед. Ғоҳӣ ғалаба мекунад, мо мудом дар мағлубию гурезогурезу шармандагием. - Дар оҳанги сухани Пошшо озору ғазаби ниҳонӣ ҳис мешуд.
Рухсораҳои Муллоҳамроҳ бештар сурх шуданду бо худнамоӣ афзуд:
– Дар китоби “Мушкоти шариф” омадааст, ки рӯзи қиёмат дар назди дарвозаи ҷаннат барои даромадан ба он олами малакутӣ байни одамон сахт баҳсу талошҳо мешавад...
Чеҳраи Анварпошо гирифта шуду оҳ кашида, рӯяшро ҷониби ҷӯйбори паҳлӯи суфа тоб доду дасташро ба об зад. Барқазло намоиш дод, ки ба чунин қиссаҳо ҳавас надорад.
Мансур нигоҳи Муллоҳамроҳро дошта, маънидорона табассум кард, яъне ҷойи ин суханҳо не, гуфт ба тавраш. Ва нон шикаста, “дар мо ин нонро ширмол мегӯянд” гуфта, ҷараёни суҳбатро ба дигар тараф гардонд.
Аммо Муллоҳамроҳ ишораро пай набурд, бепарво бо домуллои паҳлӯяш суҳбатро идома дод.
Анварпошо ҳамчунон дасташро дар об пасу пеш мебурд ва гӯё аз садои об завқ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор