Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Албатта меоянд! Намозро тарк намекунанд.
Дар қаъри дили Чернов оташаке аланг зад ва бо ҳаяҷон гуфт:
– Навис, ки як ҳафта оташбас эълон мекунем. Навис, ки мо ҳам савобҷӯ. Ин ид барои мо ҳам муқаддас аст!
– “Ин ид барои мо ҳам муқаддас аст”, лозим не.- Ершовро ханда гирифт ва пурсид: -Чаро як ҳафта? Дар ин гармии тобистон як ҳафта ин ҷо истода метавонем? На нон меёбем, на гандум.
– Навис! - суханашро такрор кард Чернов.
Ершов дар чеҳраи сардаста тағйиротеро мушоҳида карда, дигар пофишорӣ накард. Аз фикри ниҳони сардаста дили худаш низ хира-хира огоҳӣ медод.

Мансур аз роҳи Обдара ба ҳавлии амаки Сайфуллоҳ даромада, дар тани Ҷовид куртаи тики дарозро дида, хандааш омад.
Ҷовид гаҳвора мечунбонд. Онсӯтар назди танӯр холаи Робиа бо келину ду духтари шавҳардораш нон мебандад. Хола Мансурро дида, ба пешвозаш хесту нимҷиддию нимшӯхӣ гуфт:
– Писаратон сахт якрав. Барояш курта дӯхтам, зорӣ кардам, ки пӯш. Бачаҷон! Не! Ман куртаи сурх намепӯшам, гуфт. Набераамро як нафас чунбон, гаҳворабахшат мекунам гӯям, не, ман аз ин ҷо зан намегирам, мегӯяд.
– Ҷовид, бачаҷон, кас аз бахти аввал рӯй намегардонад, – Мансур низ ҷиддӣ сухани холаро тақвият дод. – Ин ҷо бароят хона мепӯсам...
– Набераи шумо ба ман чӣ даркор? – Ҷовид чигот гиронд ва ҷониби падар гуфт: – Ман аз ин ҷо зан намегирам. Хона пӯшеду худатон шинед.
– Домодча, каттагиашро бинед! – гуфт духтари хола ва занҳо хандиданд.
Тоҳирҷон меҳмонҳоро болои суфа даъват карда, раҳораҳ хабар дод, ки дар деҳа овоза, ки рӯҳсо сарҳадро бастаанд, то ки Анварпошо нагурезад.
– Кӣ ин хабарро овард?
– Балҷувониҳои мо. Як гурӯҳ бо супориши Анварпошо ба Афғонистон гову мол бурда будаанд, ки тир оранд. Ҳамонҳо хабар овардаанд.
– Тир овардаанд?
– Маълум не. Он ҷо мол бисёр арзон будааст.
– Албатта арзон аст, ҳама моли мардум он тараф рафт, – Мансур бо таАССУФ сар ҷунбонд.
Ин дам холаи Робиа табақ дар даст аз дар даромад. Фатирмаскаи гарм овардааст.
Наздики намози аср Мансуру амаки Сайфуллоҳро ба назди меҳмонҳо ба хонаи Давлатманд даъват карданд.

Дар боғи барҳавои Давлатманд барои меҳмонҳо чой кардаанд. Дар даромади боғ себу олуҳо аз вазнини шохҳояшон нишеб шудаанд. Ин себҳо оби мизон хуранд ана баъд ширин мешаванд. Ҷониби поёни боғ, ки роҳи калон мегузарад, девор дорад. Хидматгарон дар таку дав. Як тараф гӯсфанд мекушанд, як

пешина
аз 613
навбатӣ