Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
-
Ҳамроҳ. Ҳоло аскар зиёд нест, - гуфт Сайфуллоҳ ва ҷониби занаш афзуд: - Дар ҳавлии берун чой парто, - ва ба суханаш идома дод: - Панҷ рӯз мешавад, ки хурду бузурги ин деҳа хоб надоранд. Ҳама саргардонӣ, молчамъкунӣ. Аз деҳаҳо молу гов ҷамъ карда ба Афғонистон фиристодем, ки ба ивазаш тир биёранд.
-
Ин кор ҳам зарур, - Низом-махдум язнаашро дилбардорӣ кард. - Бе тир ҷанг кардан намешавад.
-
Ҳафтаи гузашта дар деҳаи Қулободи наздикии Сангтӯда бо аскари сурх рӯбарӯ шуда, каму беш тирпарронӣ карда, ин ҷо омаданд, - афзуд амаки Сайфуллоҳ.
Аскари сурх дар Қулопод бисёр одамҳоро шамшербур кардаанд. Ба занон дасти зӯрӣ кардаанд. -
Аскари сурх ба занҳо кордор набуд, - гуфт Низом-махдум. - Шояд овозаҳо дурӯғ бошанд?
-
Ҳамонҷоҳе ки ҳамроҳашон ҷанг карданд, овоза оварданд, - гуфт Сайфуллоҳ ва шоҳи себи рӯйи ҳавлии афтидаро бардошта дур хаво доду наздиктар омада илова кард. - Як қисми аскар «ғалламона куфтаю ҷамъ кунем» гуфта, хонаҳошон рафтанд. Сад нафар ёрони Давлатманд монданду ҳафтод нафар афғон ва тахминан си-чил нафар туркон, ки ҳамроҳи Анварпошоянд. Дар ин байни ҷосусҳо хабар оварданд, ки аскари сурхи дар Сангтӯда ва Қӯлоб буда, маслиҳат кардаанд, ки якҷоя омада Анварпошову Давлатмандро зананд. Пас аз ин хабар ҳам Анварпошо, ҳам Давлатманд ба деҳаҳои атроф хат фиристода, ҷангиҳоро даъват карданд. Анварпошо аз паси Фузайил маҳсуму эшони Султон туркҳои худашро фиристод, ки бо дастаҳошон пеш-пеш карда биёранд. Худашон чор рӯз пеш тарафи Обдара рафтанд. Обдараи мо аз ин ҷо тахминан бист километр меояд.
Гуфтанд, ки то аз Афғонистон расидани тир он ҷо мунтазир мешавем... - Амаки Сайфуллоҳ нақлашро қатъ карда, «чаро инҳо дастархон намеоранд!» гуфта хест. Ҳарчанд Низом-махдум, «мо нав чой нӯшидем» гуфт, гӯш накарда, сӯйи ошхона рафту овозаш баланд шуд: -
Ҳой, ту ҳанӯз дар мотами Бухорой?! Бо гирия урус Бухороро гашта намедиҳад?! Ку дастархон?! Тоҳир куҷост?
-
Ҳозир ҳамааш мешавад. Нонҳоро аз танӯр канам, - оҳиста ҷавоб дод Робиа.
-
Ҳозират кай! - ҷаҳл кард Сайфуллоҳ. - Тоҳир куҷост, мегӯям?!
-
Тоҳир сари замин рафт, ки барои аспҳо беда биёрад. Пасттар тап зан.
Ҳама медонанд, ки овозат тундар барин аст. -
Ин язнаи мо қаланфур барин тез аст. - Низом маҳдум аз баҳси соҳибхонаҳо ҳиҷолатманд шуд.
-
Акнун сабаби холӣ шудани деҳаҳоро фаҳмидед? - Мансур худро бепарво вонамуд карда, гапоро ба дигар тараф бурд. - Аскари сурх омада мегӯяд, ки ба мо нону равғану гӯшт диҳед, ки мо дӯсти шумоем, Иброҳим мегӯяд, ки мо лашкари ислом, ҳаққи моро диҳед! Анварпошо мегӯяд, ки ман домоди халифаи мусулмонҳоям. Ду сол мешавад, ки ин боди самум вазида деҳаҳоро хокбӯру валангор кардааст.
Амаки Сайфуллоҳу занаш дастархону нон оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор