Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳаромӣ, аз кӣ пурсидӣ?! Кӯдака... Худата чунин мекунанд, пеш даро! - Ва аз китфаш тела кард.

Ҷангиев, ҳам ба сари Кузмин дама карда рафт. Ӯ аз ғазаб меларзид.

Аммо Амон хурсанд шуд. Пештар рафта ҷониби Беҳрӯз бо тамоми овоз фарёд кард:

– Босмач, гардани туя худам мебурам!

– Ҳой, шумо чӣ кор мекунед? - Кузмин аз тарс чашмонаш баромаданд. – Барои босмачӣ шуда рафиқи худатона!... Онҳо Сергейро куштанд. Бо Сергей мо чун бародар будем.

– Ту ба мо рафиқ нестӣ! Ман ҳеҷ вақт туро рафиқ намеҳисобидам! – Чернов ин суханҳоро гуфта, ба ҷониби Загорский бад-бад нигарист ва “рафтем, чӣ меистед дар гармӣ?!” гуфт.

Ҳама афқору афсурда [афсурда] ҷилави аспҳоро ба даст гирифта, пас гаштанд.

Кузмин аспашро ба Саша дод, ки нухтакаш кунад, худаш ба аспи майгуни босмачӣ савор шуд.

Черновро кори Кузмин ором намегузошт. Ба сари Загорский боз ҳамла кард.

– Чаро сарбозат бе пурсиш ин номақулиро кард?

– Ман ҳам...

– Хомӯш!... - Ҷаҳл кард Чернов ва аспашро пошна зад.

Аз он сӯйи дашт ҳамярокҳо оҳиста ба пои аспҳо меомаданд. Баъзеҳо пиёда шудаанд. Маълум, ки аспҳо беҳол шудаанд.

Ҳарчанд рӯз кайҳо аз ним гузаштааст, ҳаво мисли пештара гарм буд. Дами гармсерӣ бехудат мекунад.

Аспҳои бесоҳиб дар домани теппа, дар атрофи чашма ҷамъ шуда алаф мехӯрданд. Ҳангоме ки Чернову ҳамроҳонаш сойчаҳои байни даштҳоро мегузаштанд, аспи Манучеҳрро диданд, ки аз роҳи таги теппа гузашта хеле поин фаромадаасту нигоҳаш сӯйи онҳост. Асп чун рӯзҳои пеш хӯсида намегурезад. Чунон менигарад, ки гӯё пурсише кардаву дар интизори посухаш истодааст. Чернов пиёда шуду оҳиста қадам зада гардани аспро дошта пичиррос зад: «Моро бубахш» ва сарашро баланд дошт, ки оби дидаашро пинҳон дорад.

Нигоҳи Мансур ба ситораи шом афтоду ба фикраш омад, ки ин ситораро дар диёр ат бинӣ, аз баландию фурӯзониаш ҳавасат меояд. Вале дар ғурбат эҳсоси изтироби номаълум ва яъсу андӯҳ дилатро реш мекунад. Ҳоло ин ҷо ҳам ватанашон аст. Худо накарда Афғонистон раванд, холаш чӣ мешавад? Ӯ зербанди аспро суст карда, ба Низом маҳдум рӯ овард:

– Кори ҳамин ситора фақат хабар додани шом бошад ё кори дигаре ҳам дорад?

– Як суханҳо мегӯед, Мансурбой. Ин ситора миллиардҳо сол боз кораш дар ҳамин вақту соат чун ошиқи зор ин ҷо расидан аст. Кӣ медонад, аз куҷоҳо задаю хеста меояд. Ва ғайр аз мусулмонҳо дигарҳо низ ин ситораро дар ҳамин лаҳза мебинанд.

пешина
аз 613
навбатӣ