Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

босмачии Манучеҳрро ҳафк андохта Беҳзода Беҳрӯз аст. Лаънатӣ барои қасоси номзадаш морбарин қадам ба қадами мо мегаштааст.
– Ҳамон Беҳрӯзе, ки дар Когон Манучеҳрро пайгирӣ мекардааст?
– Бале, ҳамон!
Чернов аспашро ба тарафе, ки камсанг буд, гардонда фарёд кард:
– Шумо мардуми кинаваред!
– Дар ин кор шумо ҳам аз мо камӣ надоред, - гуфт Муҳаммадшариф бо овози баланд.

Ин дафъа аспи Чернов пештар хато карду сухани чилавдорашро нашунид. Мушоҳида кард, ки ба домани дашт наздик шудаанд. Дар пеш ҷарӣ, поин дарё. Босмачӣ дигар ҷойи гурез надорад. Ин ҷо ҷӯҷа барин гирду пеш карда, мегирандаш.

Муҳаммадшариф дигар аспашро намедавонд. Фикр кард, ки сабаби марги Манучеҳр худаш аст. Барои тиллои гумкардааш шуда ҷанҷол бардошта, ба назари ҳама шум шуда буд. Вақте ки шум шудӣ, замину осмон дигар роҳат намедиҳанд. Беҳрӯзи лаънатӣ чунон қасос гирифт, ки... Лекин ӯ ҳам саломат намемонад. Хоҳ-нохоҳ дар домани дашт доштаю шамшербураш мекунанд. Барои як зан шуда ду ҷавони ғайюр ҷони худро аз даст доданд. Заннадидаҳо!

Амони калта худро ба гардани асп партофтаю аспро ҳар дам тозиёна мезанад. Ӯ ҳашт-нӯҳ қадам аз дигарҳо пеш метохт. Фосилаи байни вайу босмачиҳо кам мондааст. Ҷангиев аз ақиб равон. Вай ба Амон чизе мегӯяд. Вале Амон гӯш намекунад. Инак, босмачӣ ногаҳон аспро доштаю парида фуромада, ҷониби ҳамроҳаш дод задаю ишораи “Гурез! Гурез” кард. Аммо ҳамроҳаш дуртар рафта, аспро дошт. Назари Чернов ба Манучеҳр афтод: не, рамақе нишон намедиҳад. Кадоме аз туфанг паронд. Кузмин аз таппонча парондааст. Чернов мехоҳад гӯяд, ки напаронед! Зинда гиред ӯро! Хуб, ки Загорский фармони “напаронед” дод. Ин дам дид, ки босмачӣ рӯймоли сиёҳи сарашро кушода чашмони аспашро баст, сипас сабук парида онро савор шуда, аз ду ҷониб сахт камчинкорӣ кард. Аспи баландқомати абргун, ки зинаш болопӯши бахмали сиёҳ дорад, бо шаст аз ҷояш ҳаво гирифта тохт ва ҳарду ба партгоҳ рафтанд. Ҷасади Манучеҳр аз пас парид. Гӯё саросема шуда онҳоро доштан мехоҳаст. Ҳамроҳаш лаби ҷар рафта истод. Дилу гурдаи партофтан накард. Аспаш ҳам худро ақиб медуздонад. Кузмин ӯро дастгир карда, аз асп поён кашид. Ҳама аз асп фуромада, ба партгоҳ нигоҳ карданд. Дар поён рӯди тираоби Сурхоб туғён дорад. Он ҷо касе налемояд. Танҳо ҷанги сабуки сафедранг аз партгоҳ боло меояд. Он сӯйи соҳил ягон-ягон дарахтони бутташакл дорад. Баъд чакалакзор шурӯъ мешавад.

Рафтори босмачӣ ҳамаро моту мабҳут кард. На аз худаш нишоне монд, на аз Манучеҳр. Дақиқае пас овозҳо баланд шуданд:
– Кори кардаашро бин!
– Ҷар аз бист метр ҳам баланд аст.
– Қандаша занад!- Сухани Загорский ба оҳанги таҳсин садо дод.
Чернов ҷониби Загорский нигоҳ кард. Дар забони худаш низ изҳори таҳсин омаду зуд онро дошт. Фикри дигаре ҳам ба сараш омад: “Ин воқеа дилатро

пешина
аз 613
навбатӣ