Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

деҳқонии худамонро хӯрдем», – гуфт Мансур. – Насиб бошад, соли оянда боз ду таноб замин мегирем.
– Ба ки даркор замин? Ё шумо аз ин хирсхона хестанӣ нестед? – Бибигул дастархонро ба ситез ҷамъ кард.
– Ба ин «хирсхона» Баҳодурро мемонему деҳқониро ба дасташ месупорем. – Мансур ғазаби занашро бинад, хандааш мегирад. – Дар шаҳр Ҷовид меистад: боз ду дукон мегирем. Пас ману ту зимистон дар шаҳр, тобистон ин ҷо омада дам мегирем.
– Ман ин ҷо на хуши тобистон омадан дораму на зимистон! Писарҳоямро ҳам омадан намемонам!
Мансур бегоҳӣ ҳамроҳи Баҳодур бозор рафта, дуконро дид ва хурсанд шуд, ки писараш кори тиҷоратро хубтар ба роҳ мондааст. Муштариҳояш ду маротиба афзудаанд. Дар ду-се ҳафтаи тирамоҳ қадре алафу ҳезум захира карда, боре аз бозор омада ҷониби занаш гуфт, ки бояд Тошканд равад. – Ва афзуд: – Аз шаҳр боз якчанд нафар ҳастанд. Якҷоя шуда меравем.
Аз оҳанги гуфтори шавҳар фаҳмид, ки мисли дафъаи гузашта ӯро аз роҳаш баргардондан наметавонад.
– Сухани ман пеши шумо қадр надорад, – гуфт бо алам ва оби дидааш шаш қатор шуд. – Ҳар фикре дар саратон ояд, мекунед. Он дафъа ҳам чор рӯз гуфтеду...
– Бибиҷон, ин дафъа дераш як ҳафта. Бубин, замонаи доругир шуд. Мо ҳам рафта бинем, ки ба кори дигаргунии ватандорӣ даркор мешавем ё не. «Шошаи муш ба дарё мадад», гуфтаанд.
Бибигул баҳс накард. Ҷомаю саллаи нави шавҳарашро бароварда ба мехи ҳавлӣ овехт. Мансур ҳамон рафтан миёнаҳои зимистон омад.

  • Чаро ҳам Руси Николай, ҳам Руси болшевик ба мо назарногирона муносибат мекунанд? Чаро моро маҳрами кишварамон намедонанд?-Мирзоумед пиёлаи чойро аз дасти Мансур гирифта, надаш ниҳод.
    Онҳо як соат зиёд шуд, ки дар сандалии гарм нишаста, аз воқеаву овозаҳои замонаашон гуфтушунид мекарданд.
    Бибигул як хокандоз лаҳча оварда ба сандалӣ рехт ва сӯҳбати рафиқонро гарм дида, аз пайи хӯроки чошт шуд.
  • Ман ҳам ин саволро ба худам медодам. Ин савол дар ёду хаёли бисёриҳо буд,-гуфт Мансур.- Пас дар Хӯканд ба ин савол ҷавоб гирифтам.
  • Шумо Хӯканд ҳам рафтед? Шояд Масков ҳам рафта бошед?
  • Не, Масков нарафтаам, лекин фаҳмидам, ки решаю патакрешаи ин ҳама ҳарҷу марҷ дар Масков аст.
  • Кошкӣ ҳам ҳамроҳатон мерафтам,-гуфт Мирзоумед.
  • Нарафтагиатон хуб, -Мансур дилгирона даст афшонд.- Ба назарам меояд, ки дигаргуниҳои азим рух додаю зиндагии мардумро аз беху бун дигар мекунад. Алҳол Русияро тӯфоне фаро гирифтааст. Фирқаҳои бисёре он ҷо пайдо шудаанд. Чун болшевику меншивику эсеру сад баҳои дигар, ки байнашон нифоқу душманӣ дар авҷ аст. Ин шӯрои исломияи мо ҳам ба як масъалаи ночиз баҳс
пешина
аз 613
навбатӣ