Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

– Асп ҳам мисли зан аст, ба ӯ нигоҳубин, муомилаи хуб ва дӯстдорӣ кунӣ, пас ба саворӣ роҳ додаю йурға меравад.

– Дар шаҳр вақте ки пушту пойҳои Рӯшанро мехоридеду мемолидед, рашк- кам меомад.

– Вай бечораро ҳафтае як маротиба хорумол мекардам, туро ҳар шаб.

– Зана нону об надеҳу дӯстдорӣ кун.

– Оянда ба инобат мегирам, — Мансур хандид ва хеста ба сафари Самарқанд омода шуд. Болопӯшу зинпӯши гулдӯзиро баровард, ки Бибигул гуфт:

– Баҳодур, «ҳино дар рӯзи ид мезебад» гуфтаанд. Шумо ба маърака наме- равед, асбобу анҷоми одиатонро гиред. Замонами нотинч...

Ба Мансур суханони занаш маъқул шуданд ва афзори кӯҳнаи аспро баровард. Ӯ баъди се рӯз аз шаҳр баргашт, димогаш сӯхтаю рангаш коҳида менамуд.

Бибигул бо хавотирӣ наздаш нишасту ба тариқи маслиҳат гап кушод:

– Шаҳр рафтеду ба ғайр аз ду газетаи кофирҳо як нон ҳам наовардед. На- мегӯед, ки дар шаҳр чӣ воқеаҳо? Хонаҳо дар чӣ ҳоланд?

Чеҳраи Мансур бештар гирифта шуд, бо садои гиреҳхӯрда гуфт:

– Шаҳр лабрези воқеа. Ба ҷойи одамони Оқпошшо одамони болшевик ома- даанд. Болшевикҳо одамони Оқпошшоро, ки дар уезду волостҳо андозгузорӣ мекарданд, аз кор ронда, одамони худашона мемонанд. Ба ҷойи жандармҳо политсай овардаанд.

Бибигул дар изтироб шуда, пурсид:

– Тинчӣ аст? Он дафъа гуфта будед, ки одамони Оқпошшоҳ мерафтаанд...

– Тинчиашро надидам! — гуфт Мансур парешонҳол. — Ҳамин қадар фаҳмидам, ки Русия як балоро бурда, балои бадтарро овардааст. Чойеро, ки идораи по- литсай мегуфтанд, ҳоло «гарнизон» мегӯянд.

– Баҳодур, Шумо ба онҳо кордор нашавед. Як дафъа аз хонаю дарамон мондем, бас.

– Ман ба онҳо кордор шудам? — Мансур бо қаҳр ба занаш нигарист.

– Хубанд ё бад, ба хости Худо омадаанд. Нону оби ин замин насибашон кардааст, — Бибигул ба тариқи дилбардорӣ дасти шавҳарашро гирифт.

– Шумо ҳамаатон як матоъ! – Мансур ҷиддӣ шуд. – Чойи он ки ақлро кор фармуда, роҳи халосӣ ҷӯед, ватанатонро соҳибӣ кунед, нотавониатонро ба Худо ҳавола мекунед. Ин одати бадро партоед!

– Шумо зӯр бошед, чора ёбед! – паст наомад Бибигул. Ва бо оҳанги дигар пурсид: – Хонаҳоро хабар гирифтед? Хоҳарамро дидед?

– Хонаҳоро дидам. Дарахторо об додам. Як шаб хонаи хоҳарат, як шаб хонаи ҳоҷӣ Неъмат хоб рафтам. Ҳарду ҳам гуфтанд, ки то тирамоҳ сабр кунед. Ҳоло шаҳр пури воҳимаю гурӯҳбозиҳо. Ҳоҷӣ Неъмат гуфтанд, ки чанд нафар уламою бойҳои калон чизу чорашонро бардошта, ба ҳар тараф рафтанд. Хаёлам худаш ҳам дар фикри гурез аст. Чукурбозор рафтам. Зарифро надидам. Гуфтанд, ки панҷ нафар дӯкондор бо ким-кадом муллоҳо ҳамроҳ шуда ба Тошканд рафтаанд, ба шӯрои исломӣ ҳамроҳ мешуданд. Зариф ҳам бо онҳо будааст.

– Ин чӣ замона шуд? – Бибигул, ки нияти шаҳр рафтан дошт, ҳайрон монд.

пешина
аз 613
навбатӣ