Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дарк кард, ки аз имрӯз сар карда зиндагиаш чун хати сарҳад ба ду ҷудо мешавад. То Найзаварон ва баъди он. Ба занаш сир надода, бо андаке шиддат гуфт:

  • Мо ин ҷо як умр намеистем-ку! - Ва фармуд, ки анҷомҳоро биёранд.
    Мансур ҳамон ҳафта гови ҷӯшо харид, гандум оварда дар осиёи Мирзоумед орд кард. Ҳезум овард. Зиндагиро гӯй ба роҳ монд. Фарзандҳо ҳам хурсанд менамуданд. Фақат Бибигул шод набуд. Мансур бештари вақт ӯро андешаманд дида ба корҳояш ёрӣ медод; об меовард, хӯрок мепухт. Саҳариҳо барвақт хеста оташ мегиронд. Як бегоҳ, ки ҳаво ҳардам тундар задаю раъду барк мешуд дар дасташ ду шишаи чароғ хабар овард:
  • Баъди ду рӯзи рафтани мо русҳо омада маро кофтаанд. Моро наёфта, дар атроф дидбон мондаанд. - Ва бо оҳанге, ки гӯй худро сафед мекард, афзуд:
  • Агар танҳо сари худамро гирифта мерафтам, писарамро мебурданд. Ин тоифа аз ягон қабоҳат рӯ намегардонанд.
    Бибигул нонҳои дар танӯри Мирзоумед баста овардаашро аз дар дарун монда пурсид:
  • Касе аз шаҳр омадааст?
  • Берун аз деҳа дар як соата роҳ ҷумъабозор ҳаст. Он ҷо як шиносамро аз Чуқурбозори худамон дидам. Ҳамон гуфт, рӯзе ки мо ҷанҷол кардем, Зарифи ҳамсоядӯкон ва якчанд нафари дигарро бурда се шаб зиндон карда, пули баъзеҳоро гирифта сар додаанд. Баъзеҳо ҳанӯз дар зиндон.
  • Зарифпаҳлавонро ҳам зиндон карданд? - Бибигул ба чашмони шавҳараш нигарист.
  • Зиндон кардаанду пули калон дода баромадааст.
    Бибигул баъди ин хабар як муддат «кай хонаамон бармегардем?» нагуфт.
    Рӯзҳои охири тирамоҳ хунук шуданд. Бахусус пагоҳиҳо сардии ҳаво зиёд буд. Рӯйи заминро қирав мепӯшонд. Мансур пахол ёфта оварду дар таги гилемҳо партофт. Дар хонаи нишасташон сандалӣ дуруст кард. Шабона дар хонаи бачаҳо алав намекарданд. Саҳар ҳама дар атрофи сандалӣ ҷамъ мешуданд.
    Ба ҷумъабозори Найзаварон мардум аз атроф ва ҳатто аз Даҳбеду Панҷакент меомаданд. Ривоҷи бозорро дида тоҷирон молашонро аз шаҳр бо аспу улоғҳо меоварданд. Мансур низ ин ҷо касбашро ба роҳ монд. Аз Тошканд чарм оварда мефурӯхт. Пас аз он ки кораш пешрав шуд, Баҳодурро ҳам ба кори савдо ҷалб кард. Бибигул касби ҷомадӯзиашро ин ҷо давом дод (се сол пеш бас карда буд). Мегуфт, ки зиқии диламро мебарорад. Шахсони тӯю маъракадор хона омада, ҷомаҳоро савдо карда мебурданд. Ба Латоҳат ҳам касбашро ёд додаю ба Мансур гушрас кард: «Латофататон қад мондааст, ҳам он тезиҳои пештараш нестанд»
    Вақти гулаш расидааст, гуфт Мансур ва ба рӯи занаш нигариста табассум кард.
    Ҳамон зимистон ҳам хунук омад, ҳам нархи гандум ва дигар маҳсулот ду маротиба зиёд шуд. Овозаҳо меомад, ки бештари сарбозҳо аз артиши Оқпошоҳ гурехта омадаанд. Зимистон гузашту баҳори пур аз воқеаву ҳодисаҳои соли 1917 фаро расид ва он воқеаҳо дар ёду хотири мардум то дами марг мондаанд.
пешина
аз 613
навбатӣ