Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дар корвонсаройҳои Ғузору Қарши ҷамъ мекунанду гӯё нимашро бор карда мераванд. Ҳамон рафта то ҳол бедараканд. Аз он вақт якуним сол гузашту одамони соддаи мо ҳоло ҳам як - як омада аз ҳамсояҳо «Аз ин ширкати бебаракат дарак ҳаст?» гуфта мепурсанд.

  • Дар Самарқанд ҳамчунин карданд,-гуфт Мансур. - Самарқандиро ҳам пули дар бонк будаашро гирифтанд, ҳам яксола пиллаи ҷамъ овардаашонро ғун карда бурданду худашон ҳам гуму нест шуданд. Мардуми нодони мо ҳоло ҳам роҳи онҳоро мепояд.

  • Кори осмонро бинед, ки ин мардумро аввал ризқашро кам карду пас худашро берунватан кард.

Кӯчаро гузаштанду Мансур гуфт:

  • Акаи Низом - махдум, маро ҷавоб медиҳед, кори зарур дорам, насиб бошад, боз меоям.

  • Кори зарури дуямон ҳамин, ки имшаб суҳбат мекунем. Дигар галу корро як тараф мемонем.

Мансур аз нияташ гашт. Аз оҳанги сухани дӯсташ фаҳмид, ки ба ҳеҷ ваҷҳ раҳояш намекунад.

Низом - махдум меҳмонро хушомадед карда афзуд:

  • Мисле ки дар Тошканд будем, маро акаи Низом гуфтан гиред. Атрофиҳо ва шиносҳо барои он ба ман унвони «махдум»-ро часпонданд, ки даҳ сол пеш ба ҷамъияти олуфтаҳои Бухоро ҳамроҳ шудам. Касеро, ки дар кундазанию муштзанӣ усто буду ҳақ мегуфту ҳақро тарафдорӣ мекард, ба ҷамъияташон қабул мекарданд. Дар шаҳр ҷамъиятамон обрӯманд буд. Мансабдорон аз мо ҳазар мекарданд.

  • Офарин, ба ҷамъиятатон аъзо шудан лозим, -бо самимият гуфт Мансур.- Кундазаниро не, лекин муштзаниро метавонам.

  • Он ҷамъият намонд, он замону зиндагие, ки ба сари худ доштем, аз ёдҳо рафт.- Низом махдум оҳи ба дард кашид ва чойникро назди меҳмон гузошта, ҳесту аз хонаи рӯбарӯ як табак себу олу овард ва суханашро идома дод: - Беҳтари он дӯстони мо набуду боқӣ беватан шуданд.- Андаке тавакқуф карду боз: - Мушоҳида кунам, се-чор сол боз кадом кореро, ки даст гирам, охираш пушаймонист. Мисле ки дар наҳс дармондаам. Дар Хӯқанд мухториятхоҳ шудем, оқибаташ хунрезию пушаймонӣ шуд, худатон инро медонед. Пас омадему ин ҷо ислоҳотхоҳ шудем. Амир бо консулхонаи Русия маслиҳат кардаю гӯё розӣ шуд. Вале ҳангоме ки ҷамъ омада «намоиши шукрона» доир кардем, амиру муллоҳо як шуда, чунон заданд моро, ки базӯр аз шаҳр бадар рафтем. Мулоҳизакоронро дошта зиндонӣ ва хуб чӯбкорӣ карданд. Лекин аз рӯйи инсоф бояд гӯям, ки Файзуллоҳ Хоҷа (вай ҳам аз гузари мо) дар лаҳзаҳои вазнин мушкилкушо буд. Аз Когон истода зуд ба сардорони кумитаҳои инқилобии шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, ки намояндаҳои ҳукумати муваққатии Русия буданд, телеграф зада воқеаро маълум кард. Дар онҳо дилҷӯӣ карда, дар рӯзи сеюм як баталион сарбоз оварда, ҳама зиндониҳоро озод кард. Дар Когон ҷамъомад доир кардем. Аксари донишмандони машҳур - Фитрат, Мунзим, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва боз чанде фаҳмида омаданд. Фитрат он вақт номдортарин фарди Бухоро буд.

пешина
аз 613
навбатӣ