Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
сарду маргафзои ҷангро ҳис карду ба ҷисму ҷонаш тарс даромад. Дар Найварон, ҳангоме ки аз хонааш дастонашро баста бурданд, ҳамин гуна тарсро карда буд. Он ҳисси шодию умедворие, ки пештар ба сараш омада буд, бархӯрд. Оянда ба назараш пуразобу хатарнок намуд. Дар роҳ ба машкобе, ки мусофирон об меовард, ҳамроҳ шуданд.
Нусрат дасташро ба таги машк، ки аз он қатра-қатра об мечакид, дошта гуфт:
– Оби ин гуна машкҳо аз оби чашма ҳам хунуктар аст.
– Мехоҳед об нӯшед? – Машкоб машкашро монданӣ мешавад.
– Тори девор бароем, баъд менӯшем, – Мирзоумед баробари машкоб каҳниҳода пурсид: – Фармуданд, ки об биёред?
– Хабар рафт, ки ҷавонҳоиямон тори деворро ишғол карда, душманро наздик омадан намемонанд. Мо ҳам ҷамъ шудему мабодо ҳимоятгарон тамомнамонд гуфтему об гирифта ин сӯ равон шудем.
– Ватандӯсти ҳақиқӣ худатон, – Мирзоумед ба чеҳраи офтобсӯхтаи машкоб ба меҳр зеҳн монд ва фикр кард, ки соли ин мард аз шаст зиёд асту дар баланди мисли ҷавонон қадам мезанад.
– Агар ин бегонаҳо мардуми шаҳра зӯр биёранду ҳама хеста раванд, мо чӣ об мебарем? – афзуд машкоб.
«Бубин, то куҷо фикр мекунад! Агар ҳама чунин фикр кунанд, русҳо шаҳрро гирифтан наметавонанд!» Мирзоумед ҷомаи машкобро аз китфаш гирифт. Ва ки бораш сабуктар шавад, баробараш қадам зада пурсид:
– Мушоҳида кардед, кадом тоифаи мардум ба ҳимояи шаҳр хестааст ё пагоҳ мехезад?
– Бухороӣ таҳҷой як қисм мехезад, муллобачаҳо мехезанд. Лекин савдогарон дилбандиашон ба савдошону молашон... Мансабдохтаҳо ҳам дур-дур истода тамошо доранд. Мо ки ба хонаҳо дарою-баро дорем мебинем.
– Дар ҳеҷ давру замон ба савдогари мансабдор эътимод набуд, – гуфт Мирзоумед. Ӯ дид, ки мардуми шаҳр аз ҳар тараф сӯи тори девор барою фуро доранд.
Мирзоумед пештар расида, ба муҳофизон мужда расонд:
– Бародарон, мо ба ёрӣ омадем, коре бошад, фармоед.
Муҳофизон ба омадани онҳо бетафовут буданд. Онҳо се нафаранд.
Мирзоумед мушоҳида кард, ки синну солашон бисту чор-бисту шаш аст. Яке аз онҳо, ки сафедчехра ва сарлуч аст, сарашро ба девори камингоҳ часпонда кардаю нишон мегирад. Дуи дигар логарандом буда салла доранд ва рӯ ҷониби шаҳр нишастаанд. Мисле ки ношод ва рӯҳафтодаанд. Бист-сӣ қадам онсӯтар низ гурӯҳе ҳаст. Овозашон равшан шунида мешавад. Чунин гурӯҳҳо дар тори девор бисёранд.
Муҳофизон бори машкобро аз китфаш фуроварданӣ шуданд, ки намонд: – Ина ҷо дам мегирам, шумо, ки ташнагӣ шикастед, хеста он тараф меравам, – гуфт.
Салладоре чашмони кабудашро ба рӯйи Мирзоумед дӯхта пурсид:
– Шумо чӣ кор карда метавонед? Ин ҷо камони дурзан даркор.
Чавони сафедчехра тирашро паронда, ба алам ҷониби ҳамраҳонаш гуфт:
– «Не, нарасид.» Ва аз мили берданакаш дошта, «ба ҳамин паронӣ чию напаронед!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё