Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дарёфт, ки пагоҳӣ, пеш аз марг, сухани охирини мӯйсафед, ки «дидор...» гуфта лабонашро мечунбонд, «дидор ба қиёмат монд» будааст. Раҳорах назараш ба шаҳри болояш ғуборгирифта афтид. Қасру гунбазҳои нилгун, дарахтоне, ки дар тирамоҳ зарду сурхранг гаштаанд, дуди сиёҳе, ки ҷо-ҷо аз мӯриҳо баланд шуда зуд нопадид мешавад, дар ин бегоҳирӯз ба назараш хориовар ва хузнангез менамоянд. Ба ёдаш омад, ки дар кӯчаҳои ин шаҳр дигар ҳеҷ гоҳ падарашро намебинад, овози хандаашро намешунавад, дар хона ба пешвозаш намебарояд. Падар гурдаи пураш буд. Акнун ӯ нест. Дар давоми як шабу як рӯзи вафоти падар Мансур аввалин маротиба дарун-дарун гиряи басӯз кард.

Ҳамон рӯзҳо овоза шуд, ки дар Хуҷанду Хӯқанд ва чанд шаҳри дигар мардум бар зидди сарбозгирони Окподшоҳ шӯриш бардоштаанд. Дар Хуҷанду Ӯротеппа маъмурони сарбозгундорро корд задаанд. Дар Исфара хонаи приставро (сардори политсияи шаҳр) сӯзондаанд. Ва рӯз то рӯз чунин хабару овозаҳо меафзуданду дар бозору чойхонаҳо аз даҳон ба даҳон мегузаштанд.
Дар яке аз чунин рӯзҳо, ҳангоме ки офтоб ба хилватгоҳаш сарозер мешуд, ҳоҷӣ Неъмат ба болои зинаҳои ҳавлӣ баромада аз Мансур пурсид:
– Баҳодур фуровард кард ё ҳоло ҳам қаҳрӣ мегардад?
– Нимқаҳрию нимоштӣ аст. Гуфтам, ки аспи хуб ёб, мехарам. Ҳоло асп кофта гаштааст. - Мансур ҳис кард, ки ҳоҷӣ сухане дорад, гӯш ба қимор шуд.
– Мо аз тӯйи ҳамсояамон омадем, - гуфт ҳоҷӣ Неъмат, - он ҷо ҳамсоядуконатон Зарифпаҳлавонро дидам. Гуфт, ки шумоён имрӯз дар бозор бо русҳо ҷанг кардаед. Русҳои шаллокхӯрдаро бардошта госпитаҷшон бурдаанд. Якеш корд хӯрда будаасту аҳволаш вазнин. Аз консулхона аспакии бисёре омада, якчанд одами бозорро дошта, бурда маҳкам кардаанд. Ва гуфт, ки Мансур низ дар ҷанг иштирок карда буданд. Гӯед, ки як муддат рӯз панах кунанд. Корд дошта-нашонро баъзеҳо дидаанд.
Мансурро ранг парид.
– Мансурбой, ба онҳо баробар шудан лозим нест, - афзуд ҳоҷӣ Неъмат. - Онҳо тиру камон доранд, давлати овозадор доранд. Дар кордонию корсозӣ чунон усто шудаанд, ки мурғи осмона дошта, қасос мегиранд.
– Амак, камон надорем гуфта, монем, ки ҳар карда савормон шаванд? - гуфт Мансур. - Ҳар номаъкулие, ки дар каллай майзадаашон биёяд, ба мо раво бинанд? Ватанамонро гирифтанашон кам буд, ки ҳоло шайху муллоро роҳи гузар намедиҳанд?! Бале, ман корд задаам: ҳамон Чуриковро, ки хонааш сӯхта буд. Ӯ ҳолате дошт, ки агар корд намезадам, мо чанд нафарро мепарронд. - Мансур рӯйи ҳавлӣ қадам зад.
– Як вақт овоза шуд, ки хонаи Чуриков сӯхтааст, хонаи ҳамин кордхӯрда будааст? - пурсид ҳоҷӣ Немат.
– Бале, хонаи ҳамин касофат буд, ки ҳангоми аскаргириаш ба моли мардум чашм ало мекард. Дар як рӯз ҳам аспи маро гирифту ҳам аспи Абдурашиди хешамонро, ҳарчанд ки вай як писар дошту ҳам ришва дода буд.

пешина
аз 613
навбатӣ