Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

зидди гарнизони русҳо, ки шаҳрро тасарруф карда буданд, пинҳонӣ шабохун задаю меҷангиданд. Ба ин даста Меҳрони он замон бистушоҳсола низ ҳамроҳ буду ҷавононро бо туфанг таъмин мекард (Баъди ҷанги Ҷиззах дар шаҳр туфангҳои бекулангдон (безатвор) пайдо шуданд. Усто Меҳрон аввал аз чӯб, пас аз оҳан қолаб сохта, кулангдон дуруст кард ва баъди он Меҳрони Камон лақаб гирифт). Даста бештар ба дидбонгоҳҳо, гарнизонҳо ҳуҷум мекард. Анборҳои борутро оташ мезад. Ба дӯконҳои тиҷоратӣ зада медаромад. Баъди чунин ҳодисаҳо генерал Кауфман барои дастгир карданашон як баталиён ҷудо кард. Ду-се моҳ гузашт, аммо мурод ҳосил нашуд. Балки обрӯи даста зиёд шуду хаводоронаш афзуданд. Аз деҳаҳои атроф, аз Дахбеду Панҷакент ҷавонони ғаюр ба даста ҳамроҳ мешуданд. Кауфман фармуд, ки падару бародаронашонро дастгир ва ҳабс кунанд. Ду бародари сардори даста Нурмуродро ба зиндон андохтанд. Бо ин ҳам ғазабашон паст нашуду ба мардуми шаҳр ҷафоҳо карданд. Баъди он Нурмурод дастаро ҷамъ карда фармуд, ки то вақти мусоид пароканда шаванд. Худашро ба асирӣ супурду падару бародаронашро халос кард. Меҳронро ҳам дастгир карданд. Падарарӯсаш Мирзоюнуси аробакаш гоҳ-гоҳ ба аробааш корҳои гарнизонро иҷро мекардааст. Тотори тарҷумон, ки ошнояш будааст, маслиҳат медиҳад, ки ин гурусначашмҳо тиллоро нағз мебинанд. Бист-сӣ тангаи тилло ба дасти зиндонбон диҳед, ҳамон лаҳза домодатонро раҳо мекунад. Вале зиндонбон марди рӯйпаҳни шикамкалони майзада бо забони тоҷикӣ «нархи домоди шумо сад танга гардем!» мегӯяд. Хуллас, гуфтаашро медиҳаду домодро аз зиндон мебарорад.

Ин қиссаҳоро калонсолони шаҳр ҳам мегӯянд. Хурду бузург мӯйсафедро ҳурмат мекунанд. Пас мешавад, ки фақат дӯстонашро хабар диҳад? Не, бояд ба ҳамаи масҷидҳои шаҳр одам фиристад. Бояд барои чорсад нафар намозхон, ҳатто бештар аз ин, ертиш тайёр кард. Яке аз дӯконҳои Чуқурбозорро мефурӯшад. Лозим шавад, ҳардуро мефурӯшаду маъракаи мӯйсафедро баобрӯ мегузаронад. Мансур бо чунин андешаҳо назди дарвоза омад. Андешид, ки аввали баҳор дарвозаи пастро тела дода афтонду «мардум биёянд механданд, усто асту дарвозаашро бин», мегӯянд, гуфту ба ҷояш дарвозаи баланди қандакорӣ шинонд. Фармуд, ки ҷойҳои паридаи деворро таъмир карданд... Аз афташ, мӯйсафед наздик омадани маргашро ҳис карда будааст. Ӯ роҳи калонро гузашта ба гузари Мирзо Ҳусаини Заркӯб, ба хонаи ҳоҷӣ Неъмат, рафт. Аз ҳамсояӯконҳо шунида буд, ки ҳоҷӣ дӯкондор аст. Корҳояшро то офтобзард саришта карда, сари роҳ ба матбаа, назди шиносаш, марди рус Фёдор даромада, ду газета гирифт. Якеро ба рафиқаш Зарифпаҳлавон, ки дар гузари урметаниҳо зиндагӣ мекунад, бурда медиҳад. Нисбат ба Мансур ӯ бештар ба газетаҳо завқмандӣ дорад. Ба хона омада, падарашро хабар гирифту пас болои таксинчи ҳавлӣ нишаста, ба газетаҳо чашм давонд. Занашу писаронаш гандуми шустаро ба чуволҳо мерехтанд. Занаш ба ӯ шунавонда гуфт:

– Аз рӯзе, ки падаратон газетахон шудаанд, ҳаваси бо мо сӯҳбат кардан надоранд.

Мансур бо нимтабассум ҷониби занаш нигарист. Ин дам бонги азонро шунида, «ҷавоби суханатро бегоҳ мегирӣ», гуфт ва сӯи масҷид шитофт. Шаб

пешина
аз 613
навбатӣ