Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
боз истода, мисле ки аз чизе рӯҳбаланд шуда бошад, худ ба худ табассум кард, пас ба тариқи маслиҳат гуфт:
– Шумо бо мардуми рус дӯстӣ кунед. Инҳо одамони одилу некхоҳ ва дастбакоранд, азму ҷазми илмҷӯй доранд. Инҳо ба мо рӯшноӣ оварданд.
Табассуми падар ба дили Мансур равшанӣ андохт ва ӯ бо лаҳни шӯхӣ гуфт:
– Дар ҷавонитон бар зиддашон ҷанг мекардед-ку? Камонҳои мардумро таъмир мекардед...
– Он замон дигар буд. Он вақт мо ҳамдигарро надида будему намешинохтем. Одам калонсол шавад, гузаштаро тагорӯ карда, пас ба хубу бадаш дуруст сарфаҳм меравад.
Мӯйсафедро хиша гирифт. Кадре истода нафасашро рост кард ва афзуд:
– Муносибаташон ба мо хуб буд. Ба ғайр аз баъзе мутаассибҳо, мардуми мо низ ба онҳо унс гирифтаю роҳи дӯстӣ ҷустанд. Аммо ин ҷанг ва зиддиятҳое, ки ҳоло байни ҳамдигарашон рух додааст, шукӯҳу пешравиашонро барҳам зад. Кадом чинашон зад, нафаҳмидам.
– Падарҷон, онҳо ҳам аҳмақ доранд. Баъзешон чунон бо гуруру такаббур рафтору муносибат мекунад, ки гӯйӯ Худо дар рӯйи замин бошанд, касеро назарашон намегирад.
– Як халкро бо чанд аҳмақу нокас баҳо надиҳед (Мӯйсафед аввалин маротиба ба писараш ба лаҳни «шумо» сухан гуфт). Хулосаи гапам ин аст, ки онҳо мардуми оқил, одамшаванда ва давлату савлатида ҳастанд. Илму амал ва давлатдориро аз онҳо ёд мегиред.
Мӯйсафед андак калавиду ба роҳ даромад. Мансур нотавонию бемадории падарро дида, дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт. Раҳматии бибиаш мудом мегуфт, ки «дар тағи пои Мехрон дона мешиканад.» Ана ҳоли Мехрон...
Мӯйсафед дар умри ҳафтоду чорсолаш шаш зан гирифтааст. Модари Мансур — Чаман, зани аввалааш — сию ду сол пеш аз дарди гулӯ фавтида буд. Он вақт Мансур сенздаҳсола буд. Боре бибиаш ба падар гуфтааст: «Моне, шумо занҳои худатон барин хушқомата фириб карда мегиреду пас аз ду-се сол ҷавоб медиҳед, уболашон мегирад». «Ҳамқад ёфтаму ҳамдил наёфтам» будааст ҷавоб.
Мӯйсафед зинаҳои ҳавлии писарро баромада, нафастанг шуд, сурфааш омад. Ба хона даромаду ба девор такя кард, сахт-сахт нафас гирифт ва боз хотиррасон кард: «Мулло, аз хотиратон набарояд.» Ва баъде, ки танҳо монд, фикрҳои аввала ба сараш омаданд.
«Дилгармии худам ҳам ба хонаю дару бори рӯзгор намондааст. Худованд худаш меҳрро ба дилат меандохтасту вақташ ояд, боз мегирифтааст. Умр ҳам ҳамранги мансаб будааст. Пиру фартут ки шудӣ, замона замину осмон бегона мешудаанд. Ҳатто меҳри пайвандон як-як канда мешудааст. Аммо ин ҳолатро дар охири умрат дармеёбию дарк мекунӣ.» – Сурфаи мӯйсафед хурӯч карду чанд дақиқа беист сурфида мадораш рафт. Баъде ки сурфааш монд, фикрҳояш боз чун мурғҳои одаткарда парида ба сараш омаданд: «Лекин лаззати умр дар он будааст, ки Парвардигоратро шиносӣ, шинохтан кам, сидқан дӯст дорӣ. Корҳоятро бо ӯ бо маслиҳату мадоро анҷом бидиҳӣ. Аммо вай вақте ба ту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё