Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
дар синни сездаҳсолагӣ ба тақгирӣ гузаштам, боре падарам ба ман гуфт:
— Дастат ба тақгирӣ ҳам ӯнг шуда монду лекин ман барин кӯпалдӯз набошӣ ҳам, ҳунарманд ҳам не. Ман бо Устоҳайдар гапзанон кардам. Аз рӯям гузашта натавониста, розӣ шуд, ки ду-се моҳ шогирдаш шавию аз вай кор ёд гирӣ. Ҳама орзу мекунанд, ки шогирди вай шаванду қабул намекунад. Андак зиқтабиат. Дилиш танг. Гапашро дута намекунӣ. Ҳар чизро пурсидан намегирӣ. Кор фармояд, хуб усто, мегӯй. Одами илму олимдӯст. Ба ҳамин шарт туро ба шогирдӣ қабул мекунад, ки китобу газета хонда медиҳӣ. Меравӣ?
— Мераваму...— мад кашидам ман.
— Чӣ?
— Мераваму шумо бе ман чӣ мекунед?
— Даҳ ҷуфт нею ҳафтае панҷ ҷуфт медӯзам. Кашукӯк карда як навъ зиндагиро мегузаронем. Мӯл бошад, мераваду кам бошад, мерасад. Кашему кашем, ду-се моҳ азоб мекашем. Лекин сонӣ остонаи дӯкони моро ҳам олуфтаҳо охурча мекунанд,— табассум кард падарам.— Медонӣ, як кафши заифонаи Устоҳайдар чанд пул? Ба панҷ ҷуфти кафши мо баробар. Албатта, масолеҳи вай аз масолеҳи мо фарқ мекунад. Аммо аз зару зевар ё дурру гавҳар не. Амиркон, уфака, ҳиром, ҳамин хел мешию ҳамин хел қолиб, меҳу мум. Чармдастакдӯзиро ҳам аз ҳама нағзтар Устоҳайдар медонад. Мардум галарав, ҳама ба кафши чармдастак мечаспанд. Хӯш, чӣ гуфтӣ?
— Рав гӯед, меравам,— дар дил бағоят шод шудам. Зеро ин орзуи дерини ман буд. Мегуфтанд, ки гурба пасандози худро руст кардагӣ барин Устоҳайдар ҳам сирри ҳунармандии худро аз ҳама пинҳон мекунад. Ҳайф, ки мурда мераваду ҳунарашро ба гӯр мебарад...
Ба дӯкони кафшдӯзии Устоҳайдар рафтам. Вай тирезаи коғазгир ва дар миёнҷои шифташ равзана дошта бошад ҳам, назар ба дӯкони мо хеле торик буд. Ин сабаб дошт. Аввалан, ба коғази карасин молидашудаи тиреза аз ҳар ду тараф чангу ғубор нишаста буду тобдон хеле майда. Сониян, ин дӯконхона чун катаки мурғ пасту ғамак ҳам менамуд. Дарро тиқ-тиқ зада, иҷозат гирифта даромада, устои рангзардобро дидам, ки сар аз кор бардошта буд. Дар теппаи сари ӯ ба девор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё