Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Бобоамак ба ман, ки андоза пурсидам, камхушона аввал кӯба, баъд ширешкосаро дароз карду пурсид:
— Ту чӣ мегуфтӣ, писарҷон?
Ба оилаи Бобоамак баъзе бечорагони маҳалла то метавонистанд, мададгорӣ мекарданд. Тирамоҳ, вақте ки гӯсфанд мекуштем, модарам ғайр аз ҷаззаву терӣ ба ҳавлии амак ду-се бурда гӯшт ҳам дароз мекард.
Мирзоҷон ном ҳамсояи девордармиёни ӯ нонвои нисбатан осудаҳол, нонҳои дукуштаю нимсӯхтаи аз бозор мондаро ба ҳавлии ӯ мефиристод.
Нонвои дасткишод ду бародари ноӯҳдабарои худро, ки ҳар ду ҳам гунгу ҳам кар буданд, нигоҳ мекард.
Онҳо як навъ девонамиҷоз ҳам буданд ва ба кори бародари худ дуруст ёрӣ намедоданд. Мирзоҷон шояд дар натиҷаи ҳамин бошад, дарди сари дам ба дам дошт, ки ӯро бисёр азоб медод. Вақте ки дарди сари тоқатшиканаш шиддат мегирифт, оҳу нолаи ӯро мо мешунидем. Рӯзе ман бе маслиҳати ҳеҷ кас бори аввал барои ӯ шуда ба дорухонаи шаҳр рафтам. Он вақт тақрибан даҳ-ёздаҳсола будам. Доруфурӯш аввал бехат дору доданро нахост.
Лекин баъди таваллоям дод. Ман онро тозон ба назди понвой бурдаму гуфтам, ки инро аз дорухона харида омадам. Вай ҳайрон шуд.
— Ҳой, ба ман нигар, ин доруро атайно барои ман харидӣ-мӣ? — пурсид ӯ.
— Ҳа, амак, охир шаб ин тараф саратон дард мекунад.
— Пулро аз куҷо ёфтӣ?
— Дадоям рӯзи ҷумъа дода буданд, ки қалам гирам.
— Қалам нахаридию ба ман дору овардӣ? Аз умру ҷонат барака ёв, писарам. Аммо ман дору намехӯрам, вай ҳаром.
— Чаро ҳаром?
— Надонам. Ҳам табибу ҳам тӯраам (ӯ, ба андешаам, тӯраи Ҳасратро мегуфт), мегӯянд, ки доруи духтур ҳаром. Чунки дар деги равғани хук расидагӣ қиёму тайёр мешудааст...
Ин вақт дарди сари нонвой зоҳиран авҷ гирифт, ки бечора бар худ печид ва тамоми рӯяш пур аз чин шуда рафт. Бо вуҷуди он ки ҳаво гарм набуд, аз сахтии дард арақ мекард.

пешина
аз 447
навбатӣ