Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо амаки саргардони зиндагӣ магар аз ёд медонист, ки каллакулӯлаҳои ӯ чӣ номҳо доранду чандсолаанд! Ӯ тозон ба ҳавлиаш даромада, занашро ба қафои дари кӯча овард. Зан бархилофи қавоиди мусулмонӣ овозашро ба номаҳрам шунавонида, номи бачагонаш ва синну соли онҳоро аз як сар гуфт.

Ман ягон бор либоси наву бедарбеҳ пӯшидани Бобоамакро надида будам. Ӯ зимистонҳо як ҷомаи гуппии замоне аз сандуфи сиёҳ дӯхташуда, тобистонҳо яктаҳи алочаи чигии аз гиребон то ба доман пур аз дарбеҳ, ҳам дар сармову ҳам дар гармо тӯппии чусти кӯҳна мепӯшид ва саллаи сепечаи мисли угро чиғда-чиғдаро ба тӯю азо мебаст.

Як рӯз падарам маро барои овардани андозаи кафш ба пеши Бобоамак фиристод. Медонистам, ки падарам ба ман дар ин бобат ҳазл намекунад. Бинобар ин, бе ҳеҷ фикру хаёли дигар рафтам: баъзе халифаҳо — ёрдамчиёни устои дӯзанда, шогирди нав қабулшударо ба дӯконхонаи дигар мефиристоданд, ки рафта «шаппотиандоза» биёрад. Шогирди бехабар аз ҳазл, ҳамин ки ин андозаи номдоштаву нишоннадоштаро мепурсид, ҳангоматалаби дигар силие ба баногӯши ӯ мезаду мегуфт:

— Ана ин, укоҷон, шаппотиандоза! Раву боз оварда доданро аз ёдат набарор...

Ба дӯконхонаи Бобоамак даромада, як одами бегонаро дидам, ки ҷузъонеро ба рӯи зону ва айнаки ресмондастаро ба болои бинӣ ниҳода менишаст. Бобоамаки чашмҳояш аз гирья сурх ба ӯ мегуфт:

— Ба шумо дурӯғ ба худо рост, мулло. Ман ба ҷои курта чанд сол боз ана ин хел гиребонҳоро ба гарданам овехта мегардам, — ӯ пешгирро аз сандуки дил гирифт ва як гиребони аз курта боқимондаро, ки ба гарданаш овехта буд, нишон дод. — Ина ба вай кашу кӯку як илоҷе карда рӯз мегузаронам, мулло. Марг ба ин зиндагӣ!

Ҷон меканам, ин чӣ зиндагонист?
Хун мехӯрам, ин чӣ комронист?

— Гуфтааст кадом ман барин як шӯрбахт. Акнун худатон инсоф карда гӯед, ҳамин аҳвол катӣ мани бечора ӯлпонпулиро аз куҷо ёвам? Замин сахту осмон баланд.

пешина
аз 447
навбатӣ