Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

фойтун, кӯтаҳаробаи порукашон, чархҳои ҳашт-тоб ва пиллакашии пештараю амсоли ин асбобу анҷоми касбҳо бошанд, турфа тамошогоҳе мешаванд!

Албатта, гузарро тамоман бетағйир мондааст наметавон гуфт. Аввалан лою ҷанг нест. То даромадгоҳи тангкӯча чакар асфальтпӯш шудааст. Ба тангкӯча шағал ва сапгреза рехтаанд. Деворҳои ҳар ду тараф ловида шудаанд. Дар арафаҳои ид онҳоро сафед мекунанд. Баъзеҳо ба тарафи кӯча тиреза кушодаанд, ки пештар ин набуд. Дар болои бом антеннаҳои пайкарнамо қад рост кардааст. Бинои масчидро таъмир ва хобгоҳи омӯзишгоҳе ва ҳуҷраҳои мадрасаи Нақибро истиқоматгоҳ кардаанд.

Аз вафоти мударрисамон Муҳиддинхон дӯстонаш чӣ қадар ғамгин шуда бошанд, душманонаш — имом, муллоён ва монандӣ Мирзобаҳодур оқсақол, амалдорон ҳамон қадар шод шуда буданд. Зеро ба шогирдони талабгору хушзеҳн ғайр аз дарси фиқҳ, риёзӣ, ҷуғрофия ва адабиётрӯ ба қадри дониши худ таълим додани ӯ кӯҳнапарастони навигурезро девона мекард. Вале зӯрашон намерасид, ки вайро аз мадраса дур кунанд. Баъди сари ӯ ба мадраса Муллоабдуғаффор ном кӯсае мударрис шуда омад. Ӯро бинобар дарозию газгӯштиаш Савачӯб домулло меномиданд, ки басе номи муносибе буд. Савачӯб домулло на фақат аз арабӣ, балки аз тоҷикӣ ҳам саводи чандон қазой надошт. Агар фаҳмо карда бо ибораи замон бигӯем, муллобачагон худхизматрасонӣ мекарданд: ин дарс медоду вай аз ӯ таълим мегирифт.

Савачӯб домулло ҳар рӯз дарс надиҳад ҳам, ҳар рӯз бетарк худро ба шогирдон мемолонд. Ӯ, ба гумонам, тарбод дошт. Дар рӯзҳои абрнок ва боронгарӣ шӯри шогирдон хушк мешуд. Мударрис чун наволаи дарози най дар рӯи дарсхона ба рӯи якаандоз дароз мекашид. Мо навбат ба навбат аз гардани борику пурчинаш сар карда, то нӯги ноҳуни пойҳои пӯсту устухонаш мемолидем. Бадани вай дар ҳангоми ходимии мо мисли наи зери по монда, қисир-қисир мекард, ки кас метарсид ҳамин замон мешиканад ё аз банд-банд ҷудо шуда меравад. Лекин мударрис андак оҳиста молем, фарёд мебардошт:

— Магар атола хӯрдаӣ, ки на ҷонат ҳасту на мадорат! Сахттар!

пешина
аз 447
навбатӣ