Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
дар Ленинград дар мавзӯи «Аз таърихи касбу пешаи шаҳриёни шимоли Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Ин ҷавонмарди боғайрат ва пурҳавас дар сояи дақиқона омӯхтани маъхазҳо, пурсуҷӯӣ аз пиронсолон, на танҳо аз хусуси касбу косибӣ, инчунин роҷеъ ба таърих ва тараққии шаҳри Хуҷанд басе материалҳои пурқиматро гирд оварда ва хулосаҳои муҳимме аз онҳо баровардааст.
Баҳри дарк намудани бузургӣ ва шаҳомати комёбиҳои гузаштаро ба ёд овардан, рақамҳоро андоза намудан лозим меояд. Ман рақамҳои рисолаи ӯро барои муқоиса истифода намудам. Дар Хуҷанд то инқилоб чорсаду панҷ нафар ҳунармандони пешаҳои гуногун дар дӯконхонаҳои ғамак ва ҳаштуду панҷ коргарон дар корхонаи он замон — се заводи пахта, заводҳои шишаю чармгарӣ кор мекарданд. Ҳоло шумораи коргарони шаҳр ба бист ҳазор мерасад, ки дар сӣ корхонаи саноатӣ меҳнат ва эҷод мекунанд. Дар панҷсолаи оянда чун фабрикаи наҳи синтетикӣ ба кор медарояд, шумораи коргарони шаҳр танҳо аз ҳисоби ин корхона қариб даҳ ҳазор нафар зиёд мегардад.
Шаҳри Ленин бо отряди синфи коргари худ меболад.
Тақрибан аз ҳар се як нафари аҳолии қобили меҳнат ва аз се як нафари коммунистони шаҳр коргарон — абрешимчиён, пойафзолу либосдӯзон, металгудозон, консервбаророн, офарандагони неъматҳои моддӣ ва маишӣ ҳастанд.
Як сол қабл аз инқилоб ҳамаи дӯконҳои Хуҷанд дусаду панҷ ҳазор сӯмина маҳсулот додаанд. Ленинобод дар як шабонарӯз як миллион сӯмина маҳсулот медиҳад. Дар арафаи соли ҳафтдаҳ шаҳр як истгоҳи электрикӣ дошт, ки дорои чилу ҳашт киловатт қувват буда, ҳафтод хонаи мансабдорон ва маҳкамаи онҳоро равшан менамуд. Чун шаб ба сари он ҷодари худро мекашид, вай ба зулумот мубаддал мешуд. Ҳоло Ленинобод соле сад миллион киловатт соат қувваи барқ сарф мекунад ва марҷони чароғҳои Иличӣ ба гардани саду панҷоҳ километр кӯчаву пасткӯчаҳо ҳамоил аст.
Бисту дуюми моҳи маи соли ҳазору нӯҳсаду бист
дар газетаи «Туркистанская правда» хабари аҷибе чоп
шуда, мужда ба деҳқонон мерасонанд, ки «аз ... Стокгольм
барояшон ... каландҳо меоянд». Нақл мекунанд, ки пас
аз чанд гоҳе чанд адади он каландҳоро ба Хуҷанд ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор