Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Замоне пас Хуҷанд хеле обод будааст, Соҳиби «Қо-мус-ул-ъаҷом» мегӯяд, ки дар он «абния ва осори таърихии бешуморе вуҷуд дорад: таъдоди ҷамъияти он бис-ту нӯҳ ҳазор нафар ва қисмати аъзами он ба тоҷик маъруф мебошад».

«Аммо куҷо шудаанд он ҳама осори таърихии бешу-мор? Магар пораву ҷузъҳои қалъа, мақбараи Шайх мус-лиҳиддин? Оё дар натиҷаи тохтутози арабон, муғулон, ҷангҳои хонумонсӯзи байни амирон, султонон, ҳама ба харобаҳо мубаддал шуда, дар мавзеъҳои қадимаи шаҳр — Чорсу, Ғозиён, чун дафинаҳои гаронбаҳо дар зери хок пинҳон нашуданд?».

То чӣ андоза пуч ва беасосе будааст даъвои ҳарза-гӯёни буржуазӣ дар хусуси хоболудӣ, ғафлат ва бепар-вофалакии мардуми Шарқ! Халқҳои Туркистон, аз он ҷумла мардуми Хуҷанд чун Темурмалик ва Таҳмосӣ аф-сонавӣ лашкаркашони номӣ, чун Зиё, Камол, Маҳастӣ чӣ қадар шоирони маъруф ва чун Абумаҳмуд олимони ҳа-кимони машҳур додаанд, ки хазини илми ҷаҳонро бе вуҷуди осори онон тасаввур наметавон кард. Таърих шаҳодат бар он медиҳад, ки то истилои араб аҷдоди мо дар Хуҷанд расадхонаи худро дошт. Инак навиштаи сайёҳ ва муаррихи қадимии араб Макдисӣ:

«Пас бармегардед ба сари дуроҳае дар Хуҷанда ва агар бо роҳи сӯи кони нукраи Шоҳ равона гардед, он гоҳ вай қад-қади дарёи Сайҳун меравад ва ба харобае мебарад, ки дар назди он чашмае ҳаст ва он харобаро ҷои расадхона меноманд. Аз хароба то қасри Маҳаннон, ки дар резишгоҳи дарёи кони нукра воқеъ аст, ду фар-саҳ аст».

Қотиб ба хаёли дурударозе фурӯ рафт. Манзилгоҳҳои бисёрошёна, ки ҳоло дар соҳили рости Сир бино карда шудаанд ва шуда истодаанд, оё харобаи он расадхонаро абадӣ пинҳон намекунанд? Вақоеъномаҳоро, ки хотироти худро аз гузаштаи шаҳри Ленин ҳамӯшона маҳфуз медоранд, бо камоли диққат аз нав варақ зада, ҷустуҷӯ, кофтуковҳои нави археологӣ кардан зарур аст, то осори қадима абаддудаҳр нуҳуфта намонанд.

Дигар материалҳо роҷеъ ба ошӯбҳои мардуми меҳнаткаш ба муқобили ғосибон ва истилогаронанд. Мардуми Хуҷанд парчами озодихоҳиро борҳо баланд бардоштаанд. Шӯриши калонтарини миллии халоиқи Туркистон ва Қазокистон дар арафаи Октябрь аз Хуҷанд ибтидои

пешина
аз 447
навбатӣ