Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳастед? — чашми ӯ ин дам ба Қобил афтод ва дар назар гӯё шод шуд.— Шери амак каппакалон шуда мондай-ку! Ҳайдар ако, писарро кай хонадор мекунед, ки ба тӯйхӯрӣ биёем? Бузкашию базми каллакупчораашро ба гардани ман мондан гиред.

Худойбердӣ, ки аз воқеа воқиф буд, ба дили падару писар чанг андохта, ба ҷароҳаташон намак пошид.

— Рост мегӯед, ҷӯрабошӣ. Калон шуда монд. Аммо...

— Аммо чӣ? Дасткӯтоҳӣ мекашам гуфта кори хайрро ба қафо мепартоед-мӣ?

— Не, мад кашид Ҳайдар ва ба писараш нигарист.— Ту як дастархон карда баро, писарам.

— Гапатонро гуфтан гиред, аз ман чаро руст мекунед? — дӯғ зад ба падар Қобил.

— Ин гапат ҳам дуруст,— Ҳайдар аз пӯписаи писар ҳатто нашармид.— Ба худо шукр ҷӯрабошӣ, оқибандозамон ба як тӯи гулдор набошад ҳам, карпаю кӯпкоридор мерасад. Лекин ба ош пашша афтод. Аз шумо ҳоҷати руст кардан не. Мо ба духтари Маъруфбобо даҳан андохта будему...

— Розӣ нашуд? Даҳани камбағал ба ош расад, биниаш халал мерасонад. Ҷон-ҷон намегӯяд!

— Ман ба розигии вай ҳам нигоҳ намекардаму кор ранги дигар гирифт. Аз шаҳр ҳукумат ба Қистакӯзи мо як духтари бефаранцию беҳаёро фиристода мактаби духтарона кушоду духтари Бобомаъруфро ҳам ба он ҷо бурд. Вай акнун ҳар рӯз духтарашро бурда мемонаду гирифта меояд. Ҷавонмарг Абдувоҳиди Роқеъ, Исматуллои Тӯрахӯҷа духтари чашму рӯяш бастаро ба комсомол ҳам дароварданд.

— Онҳо духтари Омирбой-Марҳамат, духтари Саидбой-Оимнисою боз чанди дигарро ҳам васваса карда аз роҳ бароварданд,— оҳи ба дарде кашид ҷӯрабошӣ ва қамчин ба соқи мӯзааш зад.— Аз карда пушаймон мешаванду суд намекунад.

— Хайр бало ба пасаш. Ба духтар қаҳат назадааст. Дигарашро ёбам гӯям, Қобилатон қабул намекунад,— чувозкаш ҳам оҳ кашид.— Ҳамонро нагирам, ҳеҷ касро намегирам мегӯяд. Чӣ кор карданамонро надониста мондем.

— Шумо аҷаб одами ғалати-дия, Ҳайдар ако! — хандид Ҷӯрабошӣ — Номи Абдулаҳад кӯрбоширо гиред,

пешина
аз 447
навбатӣ