Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
дастабиринҷӣ медод. Бо ҳамин Бобомаъруфу Ҳайдари ҷувоз ногапӣ шуда монданд. Вале Қобил ҳарчанд рӯи хуш надиҳанду ҳатто пеш кунанд ҳам, ба ҳавлии Истадойино то даме, ки духтар калонакак шуда фаранҷӣ гирифт ва аз бегонагон рӯ панах кард, неомад. Ӯ акнун шояд бо илқои падараш бошад, Истадро, ки дар кӯча дид, гап мепартофт. Ҳатто боре чун духтар «ба ман инқадар чаққа мешавӣ, ба дадом гуфта то мурданат мезанонам» гуфт, коҳ-коҳ хандид.
— Ҳоки мо аз як ҷо гирифта шудагӣ оимча. Падарат агар туро ба каси дигар диҳад, ҳам каллаи вайро себча барин мегираму ҳам каллаи шӯшавандаи туро.
Ранг аз рӯяш канда тарсону ларзон Истад вақте ба ҳавлияшон омад, як духтари бақадрасидаи ношиносро дид, ки бо модару падараш дар рӯи суфаи лаби ҳавз чой нӯшида гапу ҳарф карда менишаст.
Модар дигаргунии авзои духтарро дида хавотирона пурсид:
— Ба ту чӣ шуд? Чаро ранги рӯят паридагӣ?
— Сағи албастии Ҳайдари ҷувоз занҷирасро канда ба кӯча баромадааст. Ҳамла кард, тарсидам, — гуфт дар ҷавоби ӯ.
— Вой сағаш сари соҳибашро хӯрад, — тохта аз ҷой бархоста бо остин арақҳои рӯи кулҷаву сурху сафеди духтарро пок карда, кокулҳояшро ба тахтапушташ гирифта партофт модар. — Камтар об хӯр, ҷони оча. Ба пешоният як сиёҳии дег молам, ки дафъи тарс шавад.
Духтари бегона хандаи пинҳонӣ кард. Ӯ ба истиқболи Истад омада, аз ду китфаш гирифта салом дод.
— Истадҷон, ман омадам, ки ба мактаби духтаронаи қишлоқамон равӣ. Хабарат будагист, дар маҳаллаи Ҳавзак кушода шудааст. Ту, ки саводатро қариб баровардай, се моҳакак хонӣ, ба курсии нест кардани бесаводии занон дарс додан мегирӣ.
Истад аз зери чашм ба падару модар нигарист.
— Замонахӯ нотинҷ, гардам. Аввал аз ҳамин балои босмачиҳо халос шавему амон-амон шавад, баъд хонад, мо розӣ, — гуфт модар.
Падар сар ба тасдиқи сухани зан ҷунбонд.
— Дуруст мегӯяд. То мактаб анча роҳ. Фалокат аз тағи по мебарояд, мегӯянд. Яктаю якта фарзандамон ҳамин. Хондаву хонондан гурехта намеравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор