Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Рафту қавоку димоғ карда, мо сайиду шумо авлоди паст гӯянд, гум шавад, суммоташро набинам.
Охир, вай писараки маро дандонков барин кард. Он тарафи хатро хон боз чӣ навиштааст?
«Аҳволи маро пурсед, бад не. Аммо шуморо ёд кардем...»

  • Модари бечорааш аз хун-хун гиристан ба як ҷо расид, - дар чашми падар ҳам ашк пайдо шуд. - Хатро ба ман деҳ писараму худо ба умру ҷонат барака диҳад, ҳоли ҳозир ба ҳеҷ кас, ҳатто ба падар ва модарат нагӯй, - аз таҳти дил хоҳиш намуд ӯ, - Ман худи ҳамин рӯз баромада меравам, илоҳӣ белат гирифта тавонам. Дирӯз дар истанса будам, одам пур, дари белатхона муромурӣ. Нашавад ароба ҳам ёфта меравам, — ӯ номаро аз ман гирифт ва тозон баромада рафт.
    Аз ин миён саҳл кам чил сол гузашт.
    Нурмуҳаммад писари худро, ки аз армия ҷавоб шуда омадааст, хонадор мекард. Домод пеш аз рафтан ба армия ҳанӯз касби падарашро пурра аз худ накарда бошад ҳам, аз хизмати ҳарбӣ андовагари гулдаст шуда баргаштааст. Албатта, андовагари ҳамин замона, ки бо техника кор мекунад.
    Барои хабар кардан ба тӯй худи Нурмуҳаммад ба ҳавлии мо омад. Ба хона даъват намудам. Рад накард, ҳарчанд ки серташвиш ва аз паси корҳои бисёре рафтааш даркор будааст.
  • Хӯб-хӯб. Як нафасакак нишаста мехезам. Ба ҳамин баҳона ҳавлии наватонро дида қарздор карда мемонам, ки ба тарафҳон мо ҳам равед. Аз маҳаллаи таваллуд шудаю ёрӯ дӯстҳои онҷоиатон бегона нашавед.
    Албатта, марҳамат кунед. Худамон андак дур шуда бошем ҳам, диламон наздик, — маъзаратхоҳӣ кардам.
    Чой тайёр буд. Зуд дастархон баровардам. Нурмуҳаммад фурсати як-ду пиёла чой нишаст ва дар ҳамин муддат мухтасар аз кию куҷоӣ будани арӯсшавандаи писараш, аз расмиятҳои подарок ва хароҷоти беҳудаи пеш аз тӯй, аз гарданшахию кӯҳнапарастии тарафи келин сухан ронд.
  • Шумо аз аҳли қаламу аз худатон гап намемонад. - Нурмуҳаммад як култ чой нӯшида, пиёларо боз
пешина
аз 447
навбатӣ