Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
селроҳаву нишебиҳоро фаро гирифта, таровату зарофати таллу теппаҳоро афзун менамуданд. Чун ба қуллаи Рухак расидем, манзараи акноф дилработар гардид: дар ақиб кӯҳи баланди Муғул, шаҳри азими Хуҷанд, аз ҷониби пеш дашти васеи шибоғу хорзор ва ҳар ҷо-ҳар ҷо монанди воҳа дарахтон ва ҷои киштукори соли гузашта, ки ҳанӯз шудгори баҳорӣ нашуда буд. Дар гандумзорҳои гандуми тирамоҳӣ лола чандон бисёр буд, ки кас гумон менамуд қолини бузурги сабзгун ва дар ҳар ҷо-ҳар ҷояш сӯзаниҳои суп-сурх густурда шудаанд. Падарам ҳам яқин мафтуни манзараи дилрабои табиат буд, ки оҳиста чӣ гуна таронаеро замзама менамуд; бо чеҳраи кушоду чашмони барқпош атрофро назар мекард ва риши кӯтоҳашро зуд-зуд ба қабза мегирифт. Ин аломати хушнудии ӯ буд.
Соатҳои тақрибан дувоздаҳ ба манзили нафаросткуниву дамгирӣ наздик мешудем, ки аз қафо ду хараки ва як аспакӣ расида омаданду ба мо баробар шуда, бо падарам саломуалек карданд.
Аз сару либос ва харсавории ноӯҳдабароёнаву бар замми ин ранги зарди рӯй ва сиёҳии панҷаҳои харакии нахустин маълум буд, ки ӯ дӯзанда аст. Қосибони кафш, маҳсиву мӯзадӯз оби гули ҳайриро барои сиёҳтару чилодор шудан ба чарм мемолиданд. Ранги вай аз дасти падарам, ҳарчанд собуншӯ кунад ҳам, ду-се рӯз намерафт. «Палаву шавларо гарм-гарм гирифта хӯрем, тоза шуда мемонад» — гуфта шӯхӣ мекард ӯ. Харсавори дуюм беиштибоҳ деҳқон буд. Ӯ ба полон чуволҳои холии коҳолудро дукат-дукат карда партофта буд. Ҳам ҷома ва ҳам куртаи ӯ аз либоси косиб фарқ дошт. Ӯ ба миёнбанд корди дароз, ба ғилофи он шавнӣ — ресмони пашмина, ва чуволдӯзе овехта буд. «Ваяш ба сайри лола мераваду инаш ба шаҳр коҳ бурда фурӯхта меояд» — ҳукм кардам ман ба дил.
Вале на аз сару либос ва на аз қиёфаву дасту пояш чи корагии аспсаворро фаҳмидан душвор буд. Ӯ чунон фарбеҳ буд, ки ба тахминам аз ҳамон чор нафари мо боз як чунин одам сохта намешуд. Шиками калопи вай сари зинро ба зери худ гирифта ва дар қафо аз миён поёнаш монанди хамири турушшуда, аз тағора берун омада қафои зинро мепӯшид. Ришу бурути кӯтоҳ қайчизадаи ангиштвор сиёҳ, рӯи паҳну ҳапалак, бинии калони шояд аз нақши захмҳои нағзак бошад ноҳамвор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё