Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Оқибат, аламаш паст нашуд магар, ба ман рў овард:
– Ба ман нигар, Вафо, баъди ин қадар гапу кор, наход ки боз бо инҳо хешу табор шавӣ?! – вай ба чашми ман нигариста мазмун гирифтанӣ шуд. Сипас хомўш мондани маро дида гуфт: – Намешавад, дурри ноёб бошад ҳам, аз баҳраш баро! Вай хоҳараш чиҳо гуфт... Аслан ба ту ҳайронам, ба куҷои вай ин қадар шайдо шудӣ? Агар ту майл кунӣ, беҳтарин духтари институтро мегирӣ. Беҳазл мегўям. Хайр, худат медонӣ, духтарони курсамон чӣ хел ба ту дом мепартофтанд... Санавбар омада буд. Ба ин духтар ошиқ шуданатро фаҳмида аз ман илтимос кард, ки як бор ўро нишон диҳам. Диду «афсўс, ҳайфи Вафо» гуфта, рафт.
– Мон ҳамин хел гапҳоро, Манучеҳр, – гуфтам ман дилтангона.
Қаҳраш омаду дигар гап назад.
Аз домани деҳа, он ҷо ки бору киштзорҳо ба теппазорҳо пайванд мехўрд, мо ба ҷодда баромадему ба кабинаи мошини боркаше нишаста, ба шаҳр расидем.
– Ғам нахўр, – гуфт Манучеҳр вақте ки ба хобгоҳ наздик омадем, – аламашонро гирифтанд-дия, Ин ҳам ба фоидаи ту. Дар деҳа ин моҷаро хоҳнохоҳ овоза мешавад, нархи духтарашон мешиканад, маҷбур ба худат медиҳанд. – Вай лаҳзае ҳуштаккашӣ карду сонӣ тахмини дигарашро баён кард: – Ба фикрам, гапашон ба Рухсора нагузаштагӣ. Агар гапашон ба вай мегузашт, ин қадар ба мо сахт намерасиданд. Ҳа гўй, Рухсора ҳам сахт гирифтагӣ!
Ман ҳеҷ чиз нагуфтам. Тахмини сонии вай диламро андаке равшан карду бас.
Аз таассуроти нохуши ин воқеа хеле вақт ба худ омада натавониста, маъюс ва пакар будам. Баъзан аз ин орзу ноумед мешудам, аммо ҳис мекардам, ки ман бе умеди муҳаббати Рухсора зиндагӣ карда наметавонам. Агар аз вай умедамро канам, бояд ки аз ҳама чизи дигар дил бардорам. Аммо ин гуна лаҳзаҳои ноумедиам як-ду соат беш тўл намеёфт. Боз ягон чораи дигаре меёфтаму умедам аз нав реша мегирифт. Баъди ба Ҳалқасой рафта омадан фаҳмидам, ки ин корро фақат миёнаравони баобрў ҳал карда метавонанд.
Бинобар он, муаллим Ҷўразодаро хоҳиш кардам, ки ба назди падари Рухсора рафта, боре «тақдирҷунбонӣ» кунанд. То он кас фурсат ёфтанду кадом як мўйсафеди ошнояшонро ба ҳамроҳ рафтан розӣ карданд, аз миён як ҳафта зиёдтар вақт гузашт.
Ба қавли худашон, муаллим «оҳани онҳоро хеле мулоим карда» омадаанд.
Маслиҳаташон ҳамин шуд, ки ягон сол сабр кунам, худ аз худ ҳал мешавад.
Аммо ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки баъди ягон сол чӣ хел худ аз худ ҳал мешудааст.
Баъди ба Ҳалқасой рафтанамон кадоме аз хешовандони Рухсора ба ректор шикоят навиштааст. Дар ҷаласаи кумитаи комсомол муносибати маро бо Рухсора муҳокима карда, дар асоси шикояти хешовандони духтар сахт огоҳ карданд ва ба ректор тавсия доданд, ки минбаъд маро ба кори лаборатория гузаронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё