Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
-
ОСТОНАИ ДУХТАРДОР БАЛАНД АСТ!
«...Агар дар зиндагӣ буду нобудамро ба гарав монда, ҳақиқатро гўям, қадами одилонае бардошта, дасти афтодаеро гирам, аз ҳаёт розӣ, хурсанд ва хушбахт мебудам». Ин суханон аз рўзномаи солҳои донишҷўиам. Онро қариб чор сол пеш аз ин навиштаам. Дар он айём чӣ идеалҳои олӣ, чӣ орзуҳои баланд доштанамро имрўз ба хотир оварам, аз хиҷолат таб мебарорам. Чаро андешаҳои пешинаам ҳоло хандаовар ва содалавҳона менамоянд? Чаро ин хел? Чаро аз хурдӣ чашми моро ба зиндагии воқеӣ намекушоянду дар тасаввури мо ҳама корро осон, ҳаётро бемонеа ҷилва медиҳанд? Дар натиҷа аз қадами аввал дар зиндагӣ ба чунон кашмакаше дучор мешавед, ки сарҳисобатонро гум мекунед! Дирўзакак ба суханони маслиҳатомези ректор дар дил хандида будам. Як моҳ нагузаштаст! Имрўз мегўям, ки баъзе суханони он кас ҷон доштагӣ барин. Муаллимон, раҳбарон, аксар шиносҳо аз дилбастагии ман ба Рухсора хабар ёфта, ҳардуямонро ҳам нафоронда истодаанд. Маро бештар, ўро камтар, маро андаке пинҳонӣ, ўро ошкоро.
То имрўз Рухсора аз донишҷўёни умедбахш буд, аммо ҳоло кам-кам аз назар афтода истодааст. Мегўяд, ки баъзеҳо ўро хуш намекунанд, ким-чӣ хел заҳрханда ва муомилаи сард доранд. Сабаби ин гуна муомиларо ман намефаҳмам. Ба рашк монанд ягон чиз будагист мегўям. Ё Ҳамту, аз рўи одат бошад, кӣ медонад. Бадии кор дар он ки ин хел муомилаи онҳоро худи Рухсора пай бурдааст. Ман намехоҳам, ки вай аз институт, аз атрофиён дилмонда шавад ва як умр айёми донишҷўии худро бо озурдагӣ ба ёд оварад.
Не, вай бояд дар дил нисбат ба одамон кудурате надошта бошад, ба некӣ ва накўкории мардум, ба адолати ҳаёт бовар кунад.
Бале, инҳо ҳама хараҷу мараҷи ночизанд ва набояд маро ба гирдоби худ кашида, аз роҳи равиши асосиам берун кунанд. Аз дусар, бадкорию бадгумонӣ кўшиши бенатиҷа ва бемаънӣ, як рафтори ба худи ин одамон зарарнок аст.
Ба Ҳалқасой рафтани ману Манучеҳр сирф зиёни корамон гардид. Ба гуфтани шарҳи он ғавғо забон намегардад. Дар ҳавлии тағои Рухсора моро миёнагир карда, чунон суханони пасту баланд гуфтанд, чунон беобрў карданд, ки поямонро кашола карда, ба азобе баромада омадем. Қумғон барин муштҳояшонро ба таги биниамон оварда, дўғу дабара кардани калонсолон кам набуд, ки ба кўча бароем, аз қафоямон бачаҳо сангғурронӣ карда, сагонро гиркиш дода, то хеле роҳ оварда монданд. Мо ба истгоҳи автобус набаромада, аз байни боғу киштзорҳо гузашта ба сўи шаҳр роҳ гирифтем. Истгоҳи автобус дар маркази деҳа, дар ҷои серодам. Мо тарсидем, ки мабодо бачаҳо моро дар байни мардум беобрў кунанд.
Ман ҳушу беҳуш қадам мемондам. Дунё дар назарам торик, ҳаёту зиндагӣ
— бешафқат, аз ҳастиам нафрат мекардам. Ба ман чунин менамуд, ҳеҷ як ҷавонмарди баномус ба ин хел хорӣ тан намедиҳад. Бояд ягон кор кунам, аммо чӣ кор карданамро намедонистам. Манучеҳр дашном қатӣ дилашро холӣ мекард. На гўри падару бобояшон монд, на ўсмаю сурмаи модару модаркалонашон, ҳамаро олуда кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё