Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин гуманизми олӣ масъулиятшиносии шахсро низ дар бар дорад. Нависанда на фақат меҳри зиндагӣ ва инсонро дар дили шахс мустаҳкам мекунад, балки зимнан чунин фикреро ҳам талқин менамояд, ки шахс дар назди чунин инсони олиҷаноб, дар назди зиндагӣ ва сарзамин ҷавобгар буда, хулқашро ба онҳо мувофиқ гардонад, барои муҳофизати онҳо тайёр бошад, нагузорад, ки ба ин ҳама ҳусну зебоӣ ва назокату наҷобат осебе расад. Баҳром Фирўз ба таври хосе ҳисси масъулияти шахсро дар назди ҷамъият қувват медиҳад.
Ғояи масъулиятшиносӣ аксаран аз маънои таҳтуллафзии матн ҳосил шуда, гоҳ дар мулоҳизарониҳо андаке бевосита ифода меёбад. Чунончӣ, Комил-полвон (ҳикояи «Гўштигирӣ») рафтори норавои шогирдаш Сангинро дида буд, ки аз дилаш чунин фикр гузашт: «Усули гуштиро ёд додан кам аст, одамию одамгарӣ, ҷавонмардию тандеҳиро ҳам ёд додан даркор...»
Дар айбҳову гуноҳҳои каси дигаре худро низ айбдор донистан аз ин бобат виҷдонан азоб кашидан, дар роҳи тақвияи одамият ва пешгирии ноодамӣ ҷидду ҷаҳд кардан, ки дар зиндагии баъзе қаҳрамонони Баҳром Фирўз мебинем, падидаҳои гуногуни масъулиятшиносии шахс дар назди ҷамъият аст.
Хислатҳои бади инсон ҳам дар ҳикояҳои Баҳром Фирўз бо диққаткорию резабинӣ нишон дода шудаанд. Вай ба ҳар яке аз падидаҳои ноодамию ноинсофӣ, беақлию бетамизӣ, ки муносиби шаъни инсон нест, низ бодиққат нигариста, сабабҳои онро меҷўяд ва мардумро аз сабуксарию беандешагӣ бар ҳазар медорад. Ҳикояҳои «Чинор-кампир» (1977), «Товуси маст» (1977), «Камгап» (1979) ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.
Агарчи дар ҳикояҳои Баҳром Фирўз тасвири конкрет мўъҷаз ва оромона мавқеи асосӣ дошта, мулоҳизарониҳои доманадору пурҳиссиёти муаллиф ё персонажҳо ба назар намерасад, дар баъзе мавридҳо, хусусан, он гоҳ ки аз хулқи нораво ва гумроҳии инсон сухан меравад, фикру ҳисси таҳқиқгар ногоҳ ба ҷўш омада, овози ў баланд шунида мешавад. Аз ҷумла дар ҳикояи «Муаллими сахтгир» (1981) аз сабаби раҳмдилии модар ва сахтгириҳои ў аз кўдакӣ кам-кам аз роҳи дуруст баромадани ҷавоне тасвир ёфта, яке аз персонажҳо сабаби ин ҳодисаро чунин эзоҳ додааст, ки «агар худи кас одам шудан нахоҳад, ҳеҷ кас ўро одам карда наметавонад». Ҳикояпардоз ба ҳаққонияти ин сухан шубҳа надорад. Бо вуҷуди ин, аз забони ў чунин андешаҳо ҳам омадааст; «ҳар ду дақиқае чанд хомуш мондем. Ман ботинан ин гуфтугўро давом медодам: Ба фикри ман, дар ин бадбахтӣ танҳо худи Шодӣ гунаҳкор не, – мегуфтам худ ба худ. – Фақат як худи модараш гунаҳкор не, ҳамаи аҳли деҳа гунаҳкорем. Бале, хурду калон – ҳама. Дар пеши назарамон дузду авбош, коҳилу кўрнамак ба воя расид, ҳеҷ кас ба таври қатъӣ ба вай монеъ нашуд».
Ин ҷо, чунонки дар эҷодиёти бисёр нависандагон мебинем, ба як ҷиҳати дигари проблемаи «шахс ва ҷамъият» дахл шудааст: нависанда андаке ба масъалаи масъулияти ҷамъият дар назди шахс наздик омадааст.
Чунонки шахс дар назди ҷамъият ҷавобгар аст, ҷамъият ҳам барои ҳар як фард ва сарнавишти ў масъулият дорад. Чигунагии ташаккули шахсияти инсон, чи хусусиятҳо пайдо кардани роҳи ҳаётии одам на фақат ба худи ў, балки ба муҳити иҷтимоӣ ҳам вобаста аст ва агар инсон ба роҳи бад дарояд, як қисми гуноҳ ба гардани ҷамъият ҳам мефарояд, ҳатто гоҳ мумкин аст, ки гуноҳ тамоман ба гардани ҷамъият бошад.

пешина
аз 91
навбатӣ