Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Не-е, – ба аломати инкор сар ҷунбонду зиракона табассум кард вай. Баъд ба авзои ҷиддӣ гуфт: – Ягон кас бинад, ба бало мемонам. Дадаам ба пўстам каҳ ҷо мекунанд.
– Э, натарсед, дар ин шаҳр каҳро аз куҷо меёбанд, – чунон ҷиддӣ гуфтам, ки Рухсора хандида фиристод.
– Шумо намедонед, ҳамқишлоқиҳомон бинанд…
– Ман қатӣ даст ба даст намеравед-ку! Аз якдигар дурдур мегардем, – сухани ўро бурида, таклифи ба сарам омадагиро гуфтам.
Рухсора фикр карда монд. Маълум буд, ки вай ҷазбан рафтанӣ. Бинобар он, бо ҷуръат аз дасташ дошта, ўро ба роҳ ҳидоят намудам. Дасти сахту хурдакаки ўро доштаму гўё тамоми ҷасоратам ба якбора сарф гашт, дигар чӣ гуфтанамро, чӣ кор карданамро намедонистам, дилам ба монанди мошини чокдузӣ шатар - шатар мезад. Зуд дасташро аз дастам раҳо кардам. Ҳар ду ҳам аз ҳаяҷон лаҳзае сурх шуда, сухани мегуфтагиамонро гум кардем. Аз ростӣ, чӣ кор карданамонро намедонистем. Вай барои хиҷолат доданам маломатомез ба рўям ялти карда, як нигаристу бо итоб ба ман пушташро гардонда, дақиқае чанд хомўш истод.
– Рафтем, дер шуд, – гуфтам ман баъди хеле хомўшӣ гўё ҳеҷ воқеае руй надода бошад.
– Ба ҳамин шарт меравем, ки шумо аз як тарафи раҳ мегардед, ман аз тарафи дигар. Майлаш? – якбора ба тарафи ман рў оварда бидиррос зад вай ва чашмони сиёҳашро ба ноз гардонд.
– Хуб, ҳазор бор хуб, – хандидам ман.
– Мабодо ба дилатон сахт нагиред, одати мо ганда, – гуфт вай узрхоҳона. – Аллакай бо як бачаи бегона гаштаст, мегўянд.
«Бачаи бегона» гуфтани вай ба дилам сахт расид, аммо маълум накардам.
– Хайр, агар бо «бачаи худӣ» гардед, гап намезананд охир?
– Э, ин каса бинед... Дар ҷои мо ин хел гапу корҳо…э-э, гуноҳи азим. Хайр, баъзеҳо рустӣ вохўрда ҳамгап мешаванд.
– Ҳа, хайрият, – гуфтам ман ба шўхӣ нафаси сабук кашида. – Яъне, рустӣ вохўрем, мешавад?
– Э, тавба! Ман ин хел нагуфтаам-ку! – вай шўхии маро нафаҳмида хиҷолат мекашид, ранги рўяш гоҳ сурх, гоҳ сафед мешуд.
– Хайр, аз рўи одати шумоён агар духтар маъқул шавад, чӣ кор мекунанд?
– ҷиддияти бардурўғамро ҳанўз ҳам зоҳир намекардам.
– Духтара хуш кунанд, ба хонааш кас мемонанд.
– Ҳим... фаҳмидам... Аз ёд намебарорам.
Баъд ман берун рафтам, то ки вай зудтар тағйири либос карда барояд. Аз дарвозаи хобгоҳ онсўтар, дар сари кўча рост меистодам, ки боз дар танаш ҳамон сару либоси хонагӣ давида омад.
– Ҳа, чӣ гап шуд?
– Не, намеравам... Шумо равед…– нигоҳаш поён лағҷида узр мехост. – Мебахшед, шуморо...
– Мебахшедаш чӣ, хайр агар нахоҳед…– аввал ранҷидам, баъд авзои ўро дида, раҳмам омад. Ҳануз ҳам ду ҳисси ба ҳам муқобил ўро ба ду тараф кашиданаш аён буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё