Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Азбаски дарбонҳо ҷавонони шинос буданд, ба дар наздик нарафтам. Ҳатман гумон мекунанд, ки ягон хешамро дохил карданӣ омадаам. Моҳи август то метавонед аз таги дари ягон донишкада нагузаред. Ягон муаллими шинос рў ба рў ояд, калимаро шунавам, дилам ғаш мекунад, маро як эҳсосоти нофораме фаро мегирад. Гумон накунед, ки ман аз имтиҳон метарсам, ё аз ранҷу азоби он озурдаам. Ҳаргиз! Худи мафҳуми имтиҳон дар асл ба монанди адлу адолат мазмуни хуҷастае дорад, дар муомила ва додугирифт тарозуро ба хотир меоварад, дар табиат шабеҳи он фасли тирамоҳ, мавсимӣ, чунон, ки мегўянд чўҷаҳоро шумурдан ва ғалберро аз об бардоштан аст. Ба ман усули имтиҳонгирӣ намефорад. Мо дар тўли як ё ду ҳафта шабу рўз мехондему дафтарҳоро ёд карда, ба имтиҳон медаромадем, қоидаю мисолҳоро тутивор гуфта дода, баҳо мегирифтем.
Ҳамин ки аз имтиҳон гузаштем, ҳар чӣ зудтар тамоми он донишро фаромўш мекардем. Аз имтиҳон монанди ҷуволи холӣ бармегаштем.
Ҳангоми санҷиш аз дастуруламалҳо, китобҳои ёрирасон фоида бурдан мумкин не. Шпаргалка-ку, аҷали муаллим. Дар аввал ман ҳам мисли дигарон гумон доштам, ки китоб ё конспектро хонда, ҳатман ҳифз кардан даркор. Дар кўҳу саҳро китобу дастуруламал нест-ку! Ба зўри хотираат нигоҳ карда кор мекунӣ! Аммо сонитар бо чашмони худ дидам, ки дар кўҳҳои баланду бекаси Помир ҳам геолог, доктори илм ҷилдҳои дастуруламалро оид ба ҷисми кўҳ зери болин монда мехобид, дар чарогоҳҳои дурдастарин ҳам байтор ду-се китоби заруриро дар хўрҷин дошт... Сипас ба ҷои беҳуда ёдкуниҳо бештар китоб хонем, ба маънии он илм амиқтар сарфаҳм равем, аз дастуруламал фоида бурданро омўзем, магар хуб нест?! Дигаронро намедонам, агар ман муаллим шавам, барои шпаргалкаи моҳирона сохтагиаш ба донишҷў баҳои қаноатбахш мемондам.
Боре шпаргакаи Давриро аз назар гузаронда, қоил шудам. Мазмуни асосии даҳ саҳифа матни китобро дар ним варақ, чунон ҷой кардааст, ки агар худаш сохтагӣ бошад, ҳаққу ҳалол баҳои қаноатбахш монед, меарзад.
Санъати шпаргалкасозиро намегўед! Ҳайрон мешавед. Дар курси сеюм Ҷаъфар дар ҷилдҳои алмоси риштарошӣ мазмуни асосии мавзўъро ишора кардаасту бас. Саволномаро гирифта нишасту «алмос»-и даркориашро ёфта, қалам тез мекард ва оҳиста чашм медавонд, ки ба даст афтоду ним сол аз стипендия маҳрум монд. Бечора Лутфия формулаҳои мушкилро аз зону боло ба пояш навишта, хандасор гашт... Вактҳои охир доир ба имтиҳон ва тариқи санҷиш ақидаи ман тағир ёфт. Бигзор, дар рўи мизи донишҷў ҳам китобу тавзеҳоти зарурӣ, ҳам дастуруламалу конспектҳояш бошад. Муаллим саволро дода санҷад, ки донишҷў аз конспекту дастуруламал ба чӣ андоза истифода карда метавонад, домани фаҳмиши ў то ба куҷо.
Азбаски ҳанўз аз Рухсора дараке набуд, ман ба чойхонаи сари роҳ даромада, таҳтул фармудам. Дар сари чойхўрӣ ба ёдам расид, ки панҷ сол қабл аз ин ман ҳам ба мисли ин бачаҳо навбат поида, ба имтиҳони қабул даромада будам. Баҷуръат будаам. Бо дохилшавандагоне, ки дар хобгоҳ буданд, як-як мусоҳиб гаштаму ба ҳамроҳонам гуфтам: «Агар ба ҳамин институт ман надароям, номам Вафо не!» Яке аз ҷўраҳоям бо истеҳзо сар ҷунбонд, дигаре ба ғурури ҷавониам писханд кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё