Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Чи қадар раису раисшавандаҳо ба миёна даромада, падарашро розӣ карданӣ шудаанд», аммо он кас «духтарам хонда институтро тамом кунад, сонӣ ихтиёраш», гуфтаанд.
– Дадаам аз аввал мана хононданӣ. «Аз духтарони деҳа худат якум шуда ба хондан меравӣ» мегуфтанд. Гуфтагиашон шуд, – гуфт вай хаёломез аз нуктае чашм набардошта.
Боз ҳаминро ҳам фаҳмидам, ки падараш аввал дар деҳа хаткашон буда, баъди ташкил ёфтани шўъбаи алоқа мудири он таъин шудаанд.
– Як ҷўраашон ба район ба кор ҷеғ зад, худашон не гуфтанд, илова кард ў.
Рухсора дар хусуси тағояшу язнааш ҳам хеле гап заду вале дар хотири ман ҳаминаш монд, ки шаби тўйи апааш язнааш аз шаҳр ҳофизону раққосонро бурда, базмро чунон тафсондааст, ки кайфи он то ҳол аз ёди мардуми деҳа намерафтааст.
Вай гап мезаду ман гўш мекардам. Гоҳе боварам намеомад, ки чунин як нозанин дар рў ба рўям нишаста, аз саргузашти худ ҳикоя мекунад. Посбон намедонам, бори чандум бошад, сурфа карда аз назди мо гузашта рафт. Бо сурфаи сохтаи худ вай ба ман мегуфт: беҳуда тақал карда нашин аз ёдам намеравӣ. То ту дар ин ҷо ҳастӣ, ман хотирҷамъ намешавам.
Бегоҳии рўзи дигар ман аз Рухсора якчанд мазўъҳоро пурсида, дараҷаи тайёрии ўро тафтиш кардам. Доир ба мавзўи «Об», ба монанди аксар тамомкунандагони мактаби миёна, дарҳол формулаи об, вазни қиёсии он, дар шакли моеъ, ях ва бухор дучор шудани онро гуфт.
Ман мавзўъро батафсил фаҳмондам. Чӣ чизро донистан зарур, алоҳида такрор кардам. Гуфтам, ки ин чизҳоро донистан кам, имрўз талабот аз тамомкунандагони мактаби миёна, алалхусус аз дохилшавандагон хеле калон аст.
– Об дар саноати химия бағоят зарур. Барои як кило коғази дафтаратон сад литр об сарф мешавад, – гуфтам дар охир ўро ҳайрон карданӣ шуда. - Оби уқёнус не, оби нўшиданӣ! Медонед, сол то сол дар дунё оби нушокӣ кам мешавад.
Аз афташ, хатари кам шудани оби нўшокӣ ба вай чандон кор накард, ки аз ҷои дигар сўҳбат сар кард:
– Як амакам пештар ба тарафҳои Фарғона рафтагию ба қарибӣ ба деҳа кўчида омаданд, – гуфт вай чизеро ба ёд оварда. – Дар таги манаҳашон мушт барин ғўррӣ, – Рухсора муштчаашро ба таги манаҳаш бурда нишон дод. – Духтур гуфтаст, ки ҳар кас аз оби ҳамон ҷойҳо хўрад, ғўррӣ мешавад.
– Ҳар кас не. Агар одам дуру дароз дар ҳам он ҷо зиндагӣ карда аз оби ҳамон ҷо хўрад. Дар обашон йод кам. Дар магазинашон агар ба як тонна намак даҳ грамм калийи йод ҳамроҳ кунанд, шуд. Ё ки гоҳе моҳии треска хўрда истанд.
– Имрўз ба мо як муаллими ҷудо зўр консултатсия доданд, – гуфт вай боз мавзўи гапро дигар карда. – Вазифаю китобҳошона гуфтанд... э, як дунё ...
номзади илм, дотсент, аъзои ким-чиҳо...
– Кадпасти фарбеҳ?
– Пур паст ҳам не, миёнақад.

пешина
аз 91
навбатӣ