Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гурўҳе нишаста саволу ҷавоб ё мусоҳиба доштанд.
Фақат Рухсора дар хона танҳо менишаст. Вай аз омадани ман лаҳзае дасту по хўрд. Гоҳ ба тугмааш даст мезад, гоҳ ба рўймолаш, чӣ гуфтанашро, чӣ кор карданашро надониста сурх мегашт, сафед мешуд. Ин ҳолати ўро дида ман ҳам дар хиҷолат афтодам. Чӣ гуфтанамро надониста, дар як вазъи ноҳинҷор аз омаданам сад раҳ пушаймон шудам.
– Ҳа, интизор набудед? – гуфтам оқибат базўр бо овози ларзон.
– Не, чӣ донам, вай уребчаашро ба сараш басту камтар худашро ба даст гирад ҳам, ҳанўз пояш меларзид. Ба саволҳои ман аз ваҷҳи тайёрӣ ва саломатиаш сурх шуда рўяшро метофт, чӣ гуфтанашро надониста, аз ҳаяҷон табассум мекард.
Баъд дари хонаашро пўшида пуштнокӣ ба он такя карда амонат рост истод. Ҳам ба ман, ҳам ба долони бекас бо ҳарос менигарист. Пай бурдам, ки аз вохўрӣ ва ҳамгап шудан метарсад. Бо вуҷуди ин, ман ўро саволборон мекардам, ба ҳеҷ ваҷҳ зуд хайрухуш кардан намехостам. Медонистам, ки агар ҳозир «сипоҳигарӣ» кунам, кор тамом, сонӣ ҷуръат аз дилам меравад.
Дар ин хел мавридҳо бачаҳо мегуфтанд, ки ба ҳазлу шўтқаригӣ сар кун.
– Шумо аз боло омадагӣ, – ба тарафи деҳаашон ишора кардам, – ба фариштаҳои осмон надиктар-дия... аз афташ хўрок ҳам намехўред? Ё каму беш мехўред?
– Не, мехўрем, кӣ гуфт, кӣ намехўрем?
– Дигар духтарон ҳар рўз ба ошхона мераванд, шуморо намебинам.
– Ҳа-а... Ман дар хона хўрок мехўрам.
– Яъне, фақат нону чой? Ё консерваю колбаса ҳам?
– Ҳоло колбасахўрия ёд нагирифтаем. Аз хона гўштбирён фиристоданд.
– Хайр, бед, имшаб ман шуморо ба хўроки ошхона зиёфат кунам, шояд ягон рўз шумо ҳам бо гўштбирён… А?
– Раҳмат. Ҳамон хўрок кати худатона зиёфат кунед... Мо куҷою ошхонаравӣ!
Нафаҳмидам, ки инро ба киноя гуфт ё аз дили рост. Ба ҳар ҳол таклифамро такрор карда, ўро ташвиқ намудам, аммо вай рад кард. Ба миён хомўшии ногувор афтод, ки ман ҳамеша аз он метарсам. Дар назарам ин хел хомўшӣ ба монанди гирдоби дарё аст, ки торафт тобу тавони касро рабуда, ба комаш фурў мекашад. Бинобар он то ҷон дорам зўр мезанам бо ҳар васила аз ҷанголи он берун равам.
– Консултатсия даркор не? – нимшухию нимҷиддӣ пурсидам. – Кай вақтатон шавад, гўед, омада мавзўъҳои нафаҳмидагиатонро фаҳмонам.
– Охир шумо тамом кардед, ба коратон намеравед? – пурсид вай бо табассум барои чӣ овора шуда гаштанамро фаҳмиданӣ шуда.
– Кори ман ҳамин... шумо катӣ... яъне, ба шумо илм омўхтан.
– Ба дипломатон муаллим гўён навишта доданд ё агроном? – акнун вай ҳам шўхӣ мекард.

  • Албатта, агроном... Аммо маро дар институт ба кор монданд-ку.
    Мумкин ба шумо семинар гузарам.
пешина
аз 91
навбатӣ