Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Фақат баъзан, дар соатҳои охирин аз нависонавис хаста шуда, худро ба чашми муаллим навишта истода вонамуд мекардему дар асл, бо сари хам пинак мерафтем. Сўфӣ баринҳо гоҳо саҳифаҳои дафтарро бо суханони бемазмун аз қабили «Ҳо Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ...» пур мекарданд. Албатта, тоифаи дигаре низ буданд, ки ҳарф ба ҳарф гуфтаҳои муаллимро навишта, сонӣ гаштаю баргашта ҳам онро хонда, имтиҳон месупориданд. Намедонам, аз чӣ сабаб бошад, дар ёдкуниҳои қориёнаи онҳо ман нишонаҳои нахустини бюрократҳои ояндаро медидам.
Хайр, ҳоло сари гапам сўҳбаторою сухандонӣ буд. Ҷавононе ҳастанд, ки гапдон ҳам не, товус барин оростаю пероста ҳам не, баръакс, баъзан ба сару либосашон бефарқ менигаранд, гапашонро шунида ба гўлиашон механдед.
Аммо духтарҳо катӣ гапашон мепазад. Умуман, дили ин духтарҳоро дониста намешавад.
Ҳис кардам, ки бағоят гуруснаам. Табъам хира бошад, иштиҳоям кўр мешавад. Шаб хўрок нахўрда хоб карда будам. Дасту рў шуста, либосамро пўшидаму ба чойхона баромадам.
Аз мўйсафеде, ки дар як канори чойхона сабати ангурашро монда, худаш бо ду-се нафар ҳамсолони пираш чой хўрда, чақ-чақ мекард, ним кило ангур харидаму ба таҳи чорпояи таҳи бед нишастам. Субҳидам чойхона рўфтаю обзада, рўҳафзо ва дилкушо буд. Аз таҳи чорпояе, ки менишастам, обаки соф мисли кабўтарон кум-кумкунон медавид, дар қафасҳо кабку бедонаҳо бо навбат чаҳ-чаҳ мезаданд. Радиои Душанбе хабарҳои тоза мешунавонд.
Чойхонадор амаки Рамазон дар як лаълӣ ду кулчаи кунҷитӣ ва як чойникча чои кабудро бо пиёлааш оварда монданду ҳолпурсӣ карда рафтанд. Ёдам омад, ки чӣ гуна панҷ сол аз ин пеш, бори аввал аз деҳа ба шаҳр -- ба даргоҳи ин донишгоҳ омада будам... Ҳозира барин амаки Рамазон дар лаълӣ дуто нону як чойник чой оварда монанд, гуфта будам: «Амак, ба ман якта нон бас». Он кас табассум карданду оҳиста ба наздам нишаста, ҳолҷўӣ намуданд, сонӣ фаҳмонданд: «...Шумо меҳмон, писарам, ба пеши меҳмон, одатан, якта нон намемонанд. Мехўрдагетона хўред, мондагеш меистад, нона намепартоем».
Ҳамин вақти сол буд. Ҳаво гарм, айни ҷўши саратон. Ман бори аввал ба шаҳр омадагӣ. Аз чойхона баромада, дар оби фаввора даст шуста, киштибозии кўдаконро тамошо мекардам. Ногоҳ як ҳамдеҳаамонро дидам, ки аз он тарафи кўча шитобон мерафт. Аз қафояш давидам. Ҳамроҳи вай қариб ним рўз шаҳрро тамошо кардаму сонӣ чамадончаи дар дастам буда ба хотир расида, «воҳ!» гўён ба пешониам задам. Лаҳзае саргаранг мондам. Дар чамадонча номаи камол, паспорт, билети ҳарбӣ, пул ва дигар ҳуҷҷатҳоям буд. Ҳамдеҳаамро дида, дар пеши фаввора фаромўш кардаам. Ман аз хурдӣ дар ҳаққи дуздону қаллобони шаҳр ҳикоятҳои зиёде шунида, алҳол ба ҳар як сокини шаҳр бо шубҳа менигаристам. Ҷавони аз дунё бехабар, ғайр аз деҳаю райони худ ҷои дигарро нодида... Сонитар фаҳмидам, ки дуздону қаллобон чӣ қадар, ки дар шаҳр ҳастанд, дар деҳа ҳам будаанд. Фақат усули дуздиашон дигар хелтар. Мардуми асили шаҳр, ки пештар косибу ҳунарманд мегуфтанд, ҳозир коргару зиёӣ, аз деҳотиён гоҳе баинсофтараранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё