Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Надонам, – вай бепарво китф дарҳам кашид. Ман бори дигар чашмони сиёҳи нармнигоҳашро диданӣ будам, аммо вай ба тарафи ман нанигирист.
Номаълум чашмони гирояшро гурезонд. Аз дилам гузашт, ки аллакай таъсири ҳуснашро фаҳмидааст.
– Аз куҷоед? Аз Файзобод не?
– Не, аз Ҳалқасой.
– Аз Ҳалқасой? – ҷои тааҷҷуб буд ва ман ҳайрониамро пинҳон накарда, ба сар то пои вай нигаристам. Духтар сабаби тааҷҷуби маро фаҳмиду бо нимтабассум рўяшро ба тарафи дигар тофт. Акнун барои ман мавзўи гап ёфт шуд. Мисли моҳие, ки баъди талвоса дар тунукоби соҳил, дигарбора ба дарё расидааст, нафаси сабук гирифтам.
Духтар ҳанўз ҳам табассум мекард. Синни ў аз ҳабдаҳ-ҳаждаҳ кам набошад ҳам, табассуми беғамона, қадаммонӣ ва боз ким-кадом хусусиятҳои ў духтаракони мактабро ба ёд меовард. Ҳангоми табассум дандонҳои монанди биринҷ сафеду резааш аз паси пардаи лабҳои тунукаш сонияе дурахшида, ба монанди ламъаи барқе ба дили кас рушноӣ зада мегузаштанд. Вай духтари маҳинҷуссае буд, сафедандому тозарў, ду гесуи тобдор ба миёнаш расида, бозӣ мекарданд, чашмони сиёҳу махмураш ҳамеша ба кас бовиқор менигаристанд. Дар абрувонаш асари кабудии ўсма буд. Аҷаб не, аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки ба ман аз вай серунии усма, ҳатто ба машомам накҳати он меомад... Аҷаб, мегуфтам худ ба худ, ҳамагӣ чор сол пештар аз Ҳалқасой бо ташвиқу тарғиб духтаронро ба донишгоҳ ҷалб мекардем. Ана, имрўз худашон омадаанду боз институт хобгоҳ ҳам надодааст.
– Шуморо беимтиҳон қабул кунанд ҳам, кам аст, – гуфтам ман он солҳоро ба ёд оварда.
– Чӣ, мо аз дигарон камем?
Сухани ман ба вай хуш наомад, абрўяш чин шуду авзояш ҷиддитар гашт.
Кӣ медонад, балки дар сараш андешаҳои тамоман дигар бошад.
– Ман шуморо аз дигарон кам нагуфтаам, баръакс... Мо чор сол пеш барои духтаронро ба хондан овардан ба деҳаатон рафтагӣ.
Муомилаи ҳамдеҳагонаш ба хотираш расид магар, ки ў боз табассум кард.
– Шумо "бо розигию ризогӣ омадед охир? Ё аз ақибатон меоянд?
– Не, бо розигӣ. Агар даромада натавонам, тамом, дигар намемонанд. Ба ҳамин шарт омадам.
– Қабул мешавед, – гуфтам ман чи гуфтанамро надониста.
Вай саволомез ба ман нигарист. Нигоҳаш мепурсид, ки чаро ман дар ин хусус дилпурам, худи ман кистам.
– Шумо ҳам мехонед, ё?...
– Ман ҳамин сол институтро тамом кардам. Акнун ба кор.
Боз хомўшӣ ба миён афтид. Ҳамеша ҳамин тавр: ба духтарон кӣ буданатонро гўед, ба риштаи сўҳбат гиреҳ меафтад. Як шоир дуруст гуфтааст: «Дар ҳузури хубрўён арзи дониш хуб нест». Охир дипломи донишгоҳи олӣ таъсир ва нуфузе дорад! Акнун бечора сухани мегуфтагиашро чандин бор хоида, сонӣ мегўяд. Метарсад, ки аз даҳонаш ягон сухани хато мебарояду ин ҳамроҳи «донишмандаш» мазоҳ карда механдад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё