РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Расули Худо (с) мефармояд:
«Фарқ ва фосилаи мобайни рўзаи мо ва рўзаи аҳли китоб хўрдани саҳарӣ аст».110 Расули Худо (с) саҳариро дар ҳадисе, ки аз тариқи Абўддардо (р) ривоят шудааст, ғизо ва хўроки бобаракат номидааст.111 Ирбоз ибни Сория мегўяд: Расули Худо (с)-ро шунидам, ки дар моҳи Рамазон ба саҳарихўрӣ даъват мекард ва фармуд: «Ба ғадои (ғизои пагоҳирўзӣ) муборак биёед».112
Андар Рамазон хоки ту зар мегардад,
Чун санг, ки сурмай басар мегардад.
Он луқма, ки хӯрдаӣ, қазар мегардад,
В-он сабр, ки кардаӣ, назар мегардад.
(Мавлоно)
Саҳариро ҳарчи дертар хўрдан беҳтар аст, вале набояд он қадар таъхир намояд, ки субҳ дамидан гирад ва дар рўзааш шубҳае пайдо шавад. То охирин лаҳзаҳое, ки субҳи содиқ надамидааст, саҳарӣ хўрдан ҷоиз мебошад.
Ҳарчи дертар хўрдани саҳарӣ нерўи ҷисмонии шахси рўзадорро рўзона бештар мегардонад ва муддати замони гуруснагӣ ва ташнагии ўро камтар месозад ва бо ҳамин, як миқдор сабукие барои ў ҳосил мешавад. Ислом аслан осонтарин роҳҳоро барои инсон ҳам дар анҷоми ибодатҳо ва ҳам дар таъмини заруратҳои зиндагӣ пешкаш намудааст, вале одамон дар натиҷаи ноогоҳӣ аз ҳадафҳои ойини Ислом онро бар худ мушкил сохтаанд.
Ғайр аз ин саҳар хестани рўзадор дар моҳи Рамазон ва хўрдани саҳарӣ дар он лаҳзаҳои охири шаб барои вай беҳтарин неъматро ба ҳамроҳ дорад. Он лаҳзаҳо беҳтарин дақиқаҳои иҷобати дуъо, қабули аъмоли нек ва нузули баракоти Худованд мебошанд. Худованд ўро бо ин саҳар хестан дар ҷумлаи «истиғфоркунандагони дар
саҳаргоҳон» шомил ва хилъати хубони даргоҳро бар танаш комил месозад.113 Дар ҳадисе низ омадааст, ки «Худо ва фариштагонаш бар саҳарихўрон салавот (дуруду
салом) мефиристанд».114
Макун дар вақти субҳ, эй дӯст, сустӣ,
Ки дорӣ эманию тандурустӣ!
Чу пайдо шуд насими субҳгоҳӣ,
Дар он соат биёбӣ ҳарчи хоҳӣ.
Ҳар он хилъат к-аз он даргоҳ пӯшанд,
Чу ояд субҳдам, он гоҳ пӯшанд!
Дар он дам гар шавад оҳе муяссар,
Зи дунёву ончи дар дунёст хуштар!
Дар замони Расули Худо (с) шабҳои моҳи Рамазон
ду азон дода мешуд: яке барои бедор намудани хуфтагон, то саҳарихўрӣ намоянд ва дигаре азони субҳ барои
намоз. Он Ҳазрат (с) фармуд: «Азони Билол шуморо аз
саҳарихўрӣ бознадорад, зеро вай шабона барои он азон
мегўяд, ки хуфтаро бедор ва хестаро ба саҳарихўрӣ баргардонад. Агар Ибни Уммимактум азони дуюмро дод,
дигар вай барои субҳ азон мегўяд».115
Ривоят шуда, ки «Ҳузайфа (р) баъзан барвақт саҳарӣ мехўрд, то намозро ҳамроҳи Расули Худо (с) дарёбад.
110 Саҳеҳи Муслим, 2545 (1096)-46.
111 Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 3455. – С. 612.
112 Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 3456. – С. 612.
113 Худованд истиғфоркунандагони дар саҳаргоҳонро аз ҷумлаи бандагони шоистаи худ дониста, ин сифати онҳоро дар оятҳои 15-17 сураи Оли Имрон ситудааст, он ҷо ки мефармояд: «Бигў оё шуморо ба беҳтар аз инатон хабар диҳам?: Барои касоне, ки тақво намудаанд, дар назди Парвардигорашон боғҳои биҳиштест, ки аз зери (дарахтони он) наҳрҳои об равонанд, ҷовидона дар он бошанд ва (ҳамчунин барояшон) ҳамсарони покиза ва хушнудие аз сўи Худованд (аст). Ва Худо ба бандагонаш биност, он (банда)-ҳое, ки мегўянд: Парвардигорамон, мо имон овардем, пас гуноҳонамонро бароямон биомурз ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор. (Он бандагон иборатанд аз) собирон, содиқон, фармонбарон, инфоқкунандагон ва истиғфоркунандагони дар саҳаргоҳон».
114 Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 3458. – С. 612. Ҳадисро аз Ибни Умар (р) ривоят намуда, онро ҳадиси ҳасан гуфтааст.
115 Ин ҳадис дар поварақии 47-ум тахриҷ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё