Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Дар ин дуъоҳо, чӣ тавре мушоҳида мешавад, бандаи мўъмин ба талош дар роҳи ба иҷобат наздик сохтани рўза, омурзиш хостан аз гуноҳон ва ба шукри неъматҳои Парвардигор иршод шудааст. Вале бояд донист, ки лаҳзаҳои пурбори пеш аз ифтор ва дамодами кушодани рўза фурсатҳои нотакроре барои иҷобати дуъо ва хостаҳои неки бандаи мўъмин мебошанд. Дар он чанд лаҳза хуб аст ҳарчи бештар ба дуъо пардозад ва муноҷоти худро ба ин чанд намунаи азкори набавӣ, ки беҳтарин иршодотро дар бар гирифтаанд, маҳдуд насозад, балки тамоми хостаҳои некро бо Парвардигораш дар миён гузорад. Агар ба забони арабӣ чизе надонад, бо забони худаш дуъо кунад ва тарҳи саодати яксолаашро аз Ў бихоҳад.

Фазилати саҳарӣ

Саҳарӣ хўрдан низ дар моҳи Рамазон яке аз суннатҳои Расули Худо (с) мебошад. Паёмбар (с) мефармояд:
«Саҳарӣ бихўред, ки дар саҳарӣ хўрдан баракат аст».108 Ҳамчунин мефармояд: «Агар бо ҷуръаи обе ҳам бошад, саҳарихўрӣ намоед!».109 Агар рўзадор иштиҳои хўрок надошта бошад, чанд дона хурмо ё ягон мева ва ё қадре об бинўшад, то савоби саҳариро дарёбад. Зеро яке аз тафовутҳои ҷиддие, ки фаризаи рўза дар Ислом аз рўзаи умматҳои пешин дорад, ҳамин саҳарихўрӣ аст.

108 Муттафақун алайҳ: Саҳеҳи Бухорӣ, 1923; Саҳеҳи Муслим, 2544 (1095)-45; Сунани Тирмизӣ, 708; Сунани Насоӣ, 2145.
109 Саҳеҳ: Саҳеҳи Ҷомеъу-с-сағир, 2945; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 3467. – С. 613. Дар Саҳеҳи Ибни Ҳиббон ҳадисро ҳасани саҳеҳ гуфтааст. Муснади Абўяъло, 3340. – Ҷ. 6. – С. 87.

пешина
аз 190
навбатӣ