Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Фармуд: Бигў: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро ҳатман дўст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ».93 Паёмбар (с) дар қисмати охири ҳадисе, ки фазилати моҳи Рамазонро баён менамояд, мефармояд: «Дар он моҳ шаби Қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми (бадбахти) ҳақиқӣ ҳамон кас аст».94 Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) дар даҳаи охир ончунон кўшиш ва ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳаргиз дар дигар вақтҳо чунин намекард».95 Дар шаби Қадр сарнавишт ва қисмати яксолаи тамоми мавҷудот, аз ҷумла инсон, тақсим ва навишта мешавад. Худованд мефармояд:

91 Абўлфазл Аҳмад ибни Алӣ ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Фатҳулборӣ шарҳи «Саҳеҳи Бухорӣ». – Ҷ. 4. – С. 266. Бейрут: Дорулфикр, 1993. Минбаъд: Фатҳулборӣ.
92 Зир ибни Ҳубайш мегўяд: Аз Убай ибни Каъб пурсидам, ки бародарат Абдуллоҳ ибни Масъуд мегўяд: Касе тамоми сол қиём намояд, шаби Қадрро дармеёбад. Гуфт: Худо ўро раҳмат кунад, хостааст мардум (дар талаби он) сустӣ накунанд, вагарна вай хуб медонад, ки шаби Қадр дар даҳаи ахир дар (шаби) бистуҳафтуми моҳи Рамазон мебошад. Он гоҳ бе истисно савганд хўрд, ки шаби Қадр шаби бистуҳафтуми моҳи Рамазонаст. Пурсидам: Бо чӣ далел инро мегўӣ, эй Абўмунзир? Гуфт: Бо нишонае, ки Расули Худо (с) моро хабар дода буд: Субҳи он шаб офтоб бе шўъо мебарояд». Саҳеҳи Муслим, (762)-220, 221; Фиқҳи исломӣ ва адиллатуҳу. – Ҷ. 3. – С. 1624.
93 Сунани Тирмизӣ, 3513; Сунани Ибни Моҷа, 3850.
94 Мусаннафи Ибни Абўшшайба. – Ҷ. 2. – С.419.
95 Мусаннафи Ибни Абўшшайба. – Ҷ. 2. – С.491.

пешина
аз 190
навбатӣ