Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Шояд гузаштаи худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пўшидан ҷуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд.
Шабе, ки агар банда қадри онро бо истифода аз баракоти маънавиаш дарёбад, фардои он барояш рўзи нав ва ҳаёти дигар аст, ба гуфтаи Саъдӣ:

Муборактар шабу хуррамтарин рўз,
Ба истиқболам омад бахти пирўз.
Дуҳул зан, рав башорат гў ду навбат,
Ки дўшам қадр буд, имрўз наврўз!

Оиша (р) мефармояд, ки «Паёмбар (с) даҳ рўзи охири моҳи Рамазонро (ки шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад) зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии заношавҳарӣ канора меҷўст. 89 Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон мебошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон биҷўед».90 Ҳикмати ба таври дақиқ муайян нагаштани он шаб дар он аст, ки бандаи мўъмин тамоми он даҳ шабро дар зикру ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб даҳаи охирро пурра эҳё намояд. Шояд яке аз ҳикматҳои суннат будани эътикоф дар даҳ рўзи охири моҳи Рамазон низ ҷидду ҷаҳде барои эҳёи даҳаи охири он бошад.
Қавли роҷеҳ дар назди донишмандон он аст, ки дар шаби бистуҳафтуми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар аст. Ибни Ҳаҷар дар «Фатҳулборӣ» пас аз баррасӣ ва зикри тамоми ривоятҳо ва нуқтаназароте, ки дар бораи шаби Қадр вуҷуд доранд, мегўяд: «Роҷеҳтарини қавлҳо ин аст, ки «шаби Қадр» дар даҳаи охири моҳи Рамазон мебошад ва ҳар сол аз шаби тоқе ба шаби тоқи дигаре интиқол меёбад».91 Ибни Аббос (р), Убай ибни Қаъб (р), Ибни Масъуд (р) ва дигарон дар чандин ривоят ва бо чандин ваҷҳи истидлол дар шаби бистуҳафтум будани онро ба яқин наздиктар донистаанд.92 Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам: «Эй Расули Худо (с), агар он шабро дарёфтам, чӣ бигўям?

89 Саҳеҳи Бухорӣ, 2024; Саҳеҳи Муслим, 2779 (1174)-7; Сунани Абўдовуд, 1376; Сунани Насоӣ, 1638; Сунани Ибни Моҷа, 1768.
90 Муттафақун алайҳ: Саҳеҳи Бухорӣ, 2017, 2019, 2020; Саҳеҳи Муслим, (1165)-209; Сунани Тирмизӣ, 792.

пешина
аз 190
навбатӣ