Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Вақте воқеаро дар пеши Паёмбар (с) арз намуданд, Худованд ин оятро нозил кард».76 Ҳамчунин, аз Баро ибни Озиб (р) ривоят шудааст, ки:
«Асҳоби Паёмбар (с) дар моҳи Рамазон чунин буданд, ки агар марди рўзадоре пеш аз ифтор мехобид, то шоми рўзи дигар чизе хўрда наметавонист. Қайс ибни Сирмаи Ансорӣ дар яке аз рўзҳои Рамазон то бегоҳ дар заминаш кор кард ва бегоҳ вақте ба хонааш баргашт, чизе наёфт, ки ифтор намояд. Ҳамсараш гуфт: Ҳозир бароят таоме меоварам ва ба ҷустуҷўи таом баромад. Вақте ба хона баргашт, дид, ки Қайс аз хастагӣ хобидааст. Дар нимаҳои рўзи дигар Қайс аз шиддати гуруснагӣ ва хастагӣ беҳуш гашт. Воқеаро ба Паёмбар (с) нақл карданд, дар он ҳолат ин оят нозил шуд ва мусалмонон бисёр хушнуд гаштанд».77 Хулоса, пас аз муддате Худованд бо эҷоди сабукии дигаре барои мусалмонон тамоми мамнўоти қаблӣ дар шабҳои моҳи Рамазонро бекор намуда, хўрдану нўшидан ва омезиш бо занонро то дамидани субҳ барояшон иҷозат дод. «Дар шабҳои моҳи Рамазон омезиш бо занонатон барои шумо ҳалол гардонида шуд.

76 Тафсири Табарӣ, 2932. – Ҷ. 2. – С. 932; Тафсири Ибни Касир. – Ҷ. 1. – С. 233. Дар ривояти дигар омадааст: «Мардум дар аҳди Расули Худо (с) (дар ибтидои фарзияти рўза) вақте намози хуфтанро мегузориданд, хўрдану нўшидан ва наздикӣ бо занон то шаби оянда бар эшон ҳаром мегашт. Ин амр боиси машаққати сахте бар онҳо гашт ва марде аз онҳо (ба он тоб наоварда) бар худ хиёнат кард ва пас аз намози хуфтан бо ҳамсараш наздикӣ намуд. Худованд пас аз он барои сабукӣ бар бандагонаш ояти: «Худо донист, ки шумо (дар шабҳои моҳи Рамазон) бар худ хиёнат мекардед …»-ро нозил намуд». (Сунани Абўдовуд, 2313; Сунани Кубро Байҳақӣ, 7993. – Ҷ.
6. – С. 185; Фатҳулборӣ. – Ҷ. 5. – С. 626).
77 Саҳеҳи Бухорӣ, 1915; Сунани Абўдовуд, 2314; Сунани Тирмизӣ, 2968; Сунани Доримӣ, 1645. – Ҷ. 1. – С. 430; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 3451, 3452. – С. 611; Саҳеҳи Ибни Хузайма, 1904. – Ҷ. 3. – С. 200. Дар ривояте омадааст, ки: «Вақте (фаризаи) рўзаи моҳи Рамазон нозил шуд, мусалмонон дар тамоми он моҳ ба занонашон наздикӣ намекарданд. Дар натиҷа, баъзе аз онҳо (тоб наоварда) бар худ хиёнат мекарданд. Дар чунин ҳолате ояти фавқ нозил гардид». (Саҳеҳи Бухорӣ, 4508).

пешина
аз 190
навбатӣ