РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Бахши аввал
Моҳият ва арзиши амалии рўзаи моҳи Рамазон
Рўза дар партави оятҳои Қуръон ва суннати Расули акрам (с)
Шаби Қадр
«Рўзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар гузаштагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозӣ) намоед!». (Сураи Бақара, 2: 183).
«Касе (дар моҳи Рамазон) суханони дурўғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Худо ҳеҷ ниёзе ба тарки хўрдан ва нўшидан – рўзаи вай надорад!».
(Саҳеҳи Бухорӣ, 1903, 6057).
Алҳамду лиллоҳи Рабби-л-ъоламин вассалоту вассалому ъало расулиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
БА ИСТИҚБОЛИ МОҲИ РАМАЗОН
Ало аҳли бовар ба якто Худо,
Шуда рӯза воҷиб кунун бар шумо!
Ҳамон сон ки бар соири мӯъминон,
Ки буданд з-ин пеш андар ҷаҳон.
Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи Р оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом мебошад. Дар ин моҳ фариштаи ваҳй – Ҷабраили амин (ъ) ба расонидани каломи зоти азалии Худованд ба замин амр шуд ва дасти навозиши Ў ба кўмаки бандагонаш дароз гардид.
Он моҳи Рамазоне, ки нузули Қуръони карим дар он оғоз гардид, нуқтаи таҳаввуле дар сарнавишти башарият ба шумор меравад. Ойини нав зиндагонии дуборае барои инсон ба армуғон оварда, нидои малакутии Қуръон дар замири инсоният рўҳи тозае дамид ва онро барои ҳамеша ба роҳи саодату хушбахтӣ фаро хонд.
Худованд мефармояд:
«Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он барои ҳидояти мардум ва нишонаҳои роҳи рост ва ҷудосозанда (-и ҳақ аз ботил) Қуръон фиристода шуд».1 Пас дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рўи инсоният кушода гардида ва баракоти бепоёни Ў бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он сурат гирифта, аз сўи Худованд шаби Қадр ба маънои шаби боарзиш ва дорои ҷойгоҳи хосе номида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё