Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

«Насру пирўзӣ танҳо аз назди Худои тавонову ҳаким аст».51

Дар моҳи Рамазон дарҳои биҳишт
ба рўи рўзадорон кушода мешаванд

Худованд ба бузургдошти ин моҳи муборак онро ба ҷашнвора ва иде барои бандагони мўъминаш табдил дода, барои онҳо як силсила имтиёзоти хос ва бахшишҳо (осониҳо)-и худогонае ҳадя намудааст. Агар кишварҳо дар арафаи ҷашнҳои бузурги худ базмҳои идона ва афвҳои шоҳона намоянд, пас Худованд тамоми ин як моҳро ҷашнвораи илоҳӣ ва моҳи гузаштҳои худоӣ эълон намудааст. Барои як мўъмини воқеӣ чӣ ҷашне ва чӣ хурсандие болотар аз он аст, ки дарҳои биҳишт ба рўи ў кушуда гарданд ва насими форами он ба машомаш бирасад, дар айни ҳол дарҳои дўзах фурў баста шаванд ва дар тўли як моҳ аз хавфи он эмин гардад ва ҳамчунин, дасту пои шайтонҳои гумроҳкунанда баста шаванд, то ба ў осебе нарасонанд. Паёмбар (с) мефармояд:
«Вақте моҳи Рамазон фаро расад, дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои оташ фурў баста мешаванд ва шайтонҳо дар занҷир афканда мешаванд».52

Дило, дар рўза меҳмони Худойӣ,
Таоми осмониро саройӣ.
Дар ин маҳ чун дари дўзах бибандӣ,
Ҳазорон дар зи ҷаннат баркушойӣ.
(Мавлоно, Девони Шамс)

Пас бандаи мўъмин бояд худро аз ин навозишҳои
бепоёни илоҳӣ дар моҳи Рамазон маҳрум насозад ва
дар зарфи ин як моҳ сифатҳои биҳиштиёнро дар худ татбиқ намояд.

51 Сураи Оли Имрон, 3: 126.
52 Бухорӣ ва Муслим онро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд. Ин ҳадис дар поварақии 18-ум тахриҷ шудааст.

пешина
аз 190
навбатӣ