РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Пас барои бунёди ҷомеаи солим тарбияи афроди солим зарурат дорад.
Дар гузашта дидем, ки Ислом асоси тавсияҳо ва бештарин аҳком ва ибодатҳои худро ба сохтани фарди солим ва тарбияи дурусти ҳар як аъзои ҷомеа равона намудааст. Ислом бо ин ҳама ибрози таваҷҷўҳ ва эҳтимоме, ки ба тарбияи дурусти шахсияти инсон додааст, мехоҳад ҷомеаи намунавиеро ба таври дилхоҳ бино гузорад. Ба ҳар андозае афроди ҷомеа тарбияи дурусти динӣ бинанд ва сатҳи маърифатнокии имонии онҳо боло бошад, ба ҳамон андоза арзишҳои инсонӣ дар он ҷомеа амалӣ ва пойдор мегарданд. Дар чунин ҷомеа истеъдодҳои худоӣ ва нубуғи инсонии одамони болаёқат ба камол расида, заминаҳои шукуфоии ҳамаҷонибаи наслҳои оянда фароҳам мегарданд.
Рўзаи бо рўҳу маъно қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба сўи худсозиву худшиносӣ, отифаи нек ва эҳсоси дардҳои ҷомеа ҳидоят менамояд. Гуруснагиву ташнагии рўза қишри сарватманди ҷомеаро ба ёди ранҷҳои камбағалони гурусна ва дармондагон меоварад. Замири бо тақво ва виҷдони имонӣ дар қалби онҳо эҳсоси ҳамдардӣ ва ҳимояи қишри бенавои ҷомеаро бедор месозад.
Мусаллам касеро бувад рўза дошт,
Ки дармондаеро диҳад нону чошт!
Вагарна чӣ лозим, ки саъйе барӣ,
Зи худ бозгириву ҳам худ хўрӣ!
(Бўстони Саъдӣ)
Дар ботини мардуми тангдасту бенаво нерўи сабру пойдорӣ дар муқобили сахтиҳоро парвариш медиҳад. Бо ҳамин, ҳамкориву ҳамдастӣ ва муҳаббати якдигарро дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд меоварад. Тамоми ин ҳимоятҳои дуҷониба дар миёни қишрҳои гуногун дар натиҷаи ангезаҳои имонӣ ва бо такя ба эътиқодоти динӣ анҷом мегиранд ва ҳар яке аҷри амали худро дар назди Худованд меҳисобад.
Ҳамин нақшофаринии барномаи рўзаи моҳи Рамазон дар ташаккули шахсияти инсон ва дар сохтани ҷомеаи намунавӣ аст, ки он ба ҳайси муносибтарин замон барои нузули ваҳйи илоҳӣ ва оғози рисолати Паёмбари Ислом (с) баргузида шудааст ва минбаъд низ муҳимтарин рўйдодҳо дар таърихи Ислом дар ин моҳ ба вуқўъ пайвастаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё