РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Фармуд: Ўро пеш аз марг ба анҷоми амали солеҳе муваффақ гардонад ва бар он қабз намояд».38 Пас бояд шахси рўзадор ҳам дуъо кунад, ки Худо ўро ба анҷоми амалҳои хайр муваффақ гардонад ва ҳам дар анҷоми онҳо ҷидду ҷаҳд намояд.
Расули Худо (с) дар моҳи мубораки Рамазон беш аз дигар моҳҳо ба бахшишу эҳсон мепардохт ва дар моҳи Рамазон, вақте Ҷабраил (ъ) ба назди он Ҳазрат (с) меомад, аз дигар рўзҳо бештар некию эҳсон мекард.
2. Эҳёи шабҳои Рамазон: Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар касе дар моҳи Рамазон бар асоси имон ва ба умеди савоб ба намоз бархезад, гуноҳони пешини ў бахшуда шаванд».39 Дар ҳадиси дигаре мефармояд: «Қиёми шабро бар худ лозим бигиред. Он рафтори солеҳони пеш аз шумо аст ва он қурбате ба сўи Парвардигоратон, поккунандаи саййиот (бадиҳо), боздорандаи аз гуноҳ ва дуркунандаи дарду беморӣ аз бадан мебошад».40 Ин ҳадис ҳарчанд қиёми шабро ба таври умум баён медорад, вале хуб равшан аст, ки таъсири он дар рўҳиёти инсон дар шабҳои моҳи Рамазон ба маротиб бештар аст.
3. Тиловати Қуръон: Расули Худо (с) дар моҳи мубораки Рамазон бештар ба тиловати Қуръон мепардохт. Ибни Аббос (р) дар бахше аз ҳадиси: «Расули Худо (с) босахотарини мардум буд» мефармояд: «Ҷабраил (ъ) дар моҳи мубораки Рамазон ҳар шаб барои мудораса ва такрори Қуръон ба назди он Ҳазрат меомад».41
38 Сунани Тирмизӣ, 2142; Мишкоту-л-масобеҳ. 5288. – Ҷ. 2. – С.
325; Маҷмаъу-з-завоид, 11917. – Ҷ. 7. – С. 307. Ҳайсамӣ мегўяд:
Ҳадисро имом Аҳмад, Абўяъло, Баззор ва Табаронӣ дар «Авсат»
ривоят кардаанд ва ровиёни он ровиёни «Саҳеҳ» мебошанд.
39 Муттафақун алайҳ: Саҳеҳи Бухорӣ, 37, 2008, 2009; Саҳеҳи Муслим, 1776 (759)-173.
40 Сунани Тирмизӣ, 3549; Шуъабу-л-имон, 3087. – Ҷ. 3. – С. 137.
41 Саҳеҳи Бухорӣ, 6, 1902, 3220, 3554, 4997; Саҳеҳи Муслим, 5964 (2308)-50; Сунани Насоӣ, 2094.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё