РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ҳамчунин касоне, ки барои эҷоди тафриқаву парокандагӣ дар миёни мусалмонон талош меварзанд ва бо гуфтор ва андешаҳои манфии худ заминаи парокандагии мусалмононро ба вуҷуд меоваранд ва ё ба аҳли фасод ҳамфикрӣ ва наздикӣ менамоянд, рўзаи онҳо беҳуда буда, ҳеҷ нафъе барои онҳо ба ҳамроҳ надорад.
Одамоне, ки аз манофеи умуми мусалмонон суи истифода менамоянд ва молу дороии мардумро дар манфиатҳои шахсӣ ва ангезаҳои шаҳвонии худ ба кор мегиранд ва ё бо дасту забон ва ё қалами худ ҳарими муқаддасоти дини илоҳӣ ва шарафу обрўи мардумро мавриди ҳуҷум ва беэҳтиромӣ қарор медиҳанд, рўзаи онҳо ботил ва бенатиҷа аст. Агар ин қабил одамон сифатҳои манфӣ ва ҷанбаҳои салбии шахсияти худро ислоҳ насозанд, мақсад ва мафҳуми рўза дар онҳо таҳаққуқ наёфтааст.
Рўзадоре, ки дар зарфи як моҳи Рамазон нафси худро аз ҳиқду кудурат, ҳасаду бухл ва бадбинии дигар мусалмонон пок насозад ва аз таъсироти созандаи рўза баҳраманд нагардад, аз мағфирати илоҳӣ ва имтиёзоти дигаре, ки Худованд барои бандагони худ дар ин моҳ пешбинӣ намудааст, бенасиб мегардад. Расули Худо (с) мефармояд: «Рўзҳои душанбе ва панҷшанбе (-и ҳар ҳафта) дарҳои биҳишт кушода мешаванд – ва дар ривояте – амалҳои мардум арза дошта мешаванд, пас ҳар бандае, ки ба Худо чизеро шарик наёварда бошад, барояш мағфират мешавад, магар касе, ки дар байни вай ва бародараш бадбинӣ ва хусумате вуҷуд дошта бошад – ва дар ривояте – магар ду нафаре, ки якдигарро тарк карда бошанд. Пас дар ҳаққи онҳо гуфта мешавад: Ҳар дуро бозгардонед, то бо якдигар оштӣ намоянд».27 Пас ин сарнавишт дар моҳи Рамазон низ барои чунин одамоне ҳатмӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё