Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Арзиши ғизоии ҳар сад грамм хурмо бо тафовути навъҳояш ба 274 то 352 килокалория баробар аст.
Ҳамчунин собит шуда, ки ҳурмо аз витаминҳои А, В (0,05 мг), В2 (0,05 мг), В3 (0,8 мг), В6 (0,1 мг), С (0,3 мг), РР (0,8 мг) ғанӣ буда, нармкунандаи хуби табиӣ ба шумор меравад, қабзи меъдаро бартараф месозад, мушакҳои ҷисм ва асабҳоро тақвият мекунад, таровати баданро ҳифз менамояд ва барои дасгоҳи гувориши заъиф нофеъ аст. Он барои одамони дучори камхунӣ, бемориҳои сина, занони бордор ва кўдакон бисёр муфид аст.
Хурмо ва нўшокиҳои мевагӣ хўроки тақрибан омода – ҳазмшуда ба шумор меоянд ва муносибтарин ғизо барои ифтор мебошанд. Бадан ниёзҳои ғизоии худро дар зарфи чанд дақиқа аз онҳо таъмин менамояд, дар ҳоле ки барои ҳазм ва коркарди дигар анвои хўрданиҳо замони бештаре сарф мешавад.
Агар дар замони Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон барои саҳарихўрӣ ва дамидани субҳ ду азон дода мешуд, дар давраи Аббосиён пеш аз субҳ ҷамое дар кўйу барзан мегаштанд ва бо садои баланд: Хезед, хезед мегуфтанд. Аз он ҷо ки онҳо мардумро бо ибораи «қумў» ва «қумо» садо мекарданд, ба ҷамоаи «Қумў» ва «Қумо» машҳур гашта буданд.
Дар ҷомеи Миср муаззинон пас аз азони саҳарихўрӣ бо садои баланд: Кулў вашрабў (бихўред ва бинўшед!) мегуфтанд ва ин байтҳоро мехонданд:

Айюҳа-н-нуввом, қўмў ли-л-фалоҳ,
Вазкуруллоҳа-л-лазӣ аҷра-р-риёҳ!
Инна ҷайша-л-лайли қад валло ва роҳ,
Ва тадоно аскару-с-субҳи ва лоҳ!
Ишрабў аҷло, фақад ҷоа-с-сабоҳ!314

Муҳаммад ибни Аҳмад маъруф ба Ибни Ҷубайр (540-614/1145-1217) – сайёҳ ва сафарноманигори машҳури араб дар асри дувоздаҳ дар бораи саҳарихўрии аҳли Макка овардаст: «Муаззин аз болои миъзанае, ки дар рукни шарқии Масҷидулҳаром воқеъ буд, бо садои баланд мардумро ба саҳарихўрӣ даъват мекард ва ду навҷавон низ бо ў ҳамовоз мешуданд.

314 Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон. – С. 12.

пешина
аз 190
навбатӣ