РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Рўза дар чунин ҳолат аз фишори ниёзи шаҳвонӣ ва ғаризаи ҷинсӣ бар ҷисму рўҳ ва асабҳои шахс мекоҳад ва ўро аз афтодан дар ҳалокатгоҳи чашмчаронӣ, тамошои серинопазири ҷинси муқобил ва амали зино нигаҳ медорад.
Расули Худо (с) мефармояд: «Эй гурўҳи ҷавонон, издивоҷ намоед, зеро он беҳтарин роҳ барои кўтоҳ намудани нигоҳ ва пок доштани фарҷ мебошад. Аммо агар касе аз шумо издивоҷ карда натавонад, пас рўза бидорад. Рўза дар воқеъ, нигаҳдорандаи ў мебошад».302 Дар айни ҳол занон, ба хусус ҷавондухтарони нав шавҳаркардаро, аз гирифтани рўзаи нафлӣ вақте шавҳаронашон дар хона ҳузур дошта бошанд, боз медорад.
Зеро дар чунин ҳолат гирифтани рўзаҳои нафлӣ аз баровардани ниёзҳои ғаризӣ ва майлҳои ҷинсии онҳо аз роҳи машрўъ монеъ мегардад, ба эътидоли тамоюлоти шаҳвониашон осеби равонӣ мерасонад ва қудрати идораи асабҳо ва тасаллут бар худро аз онҳо мерабояд, ки ин кор ба манфиати онҳо нест.
Расули Худо (с) мефармояд: «Зан вақте шавҳараш ҳузур дошта бошад, ғайр аз рўзаи моҳи Рамазонро намедорад, магар бо иҷозати ў».303
Чанд нуктаи дигар дар бораи рўзаи нафлӣ
Аз назари Ислом, вақте ба хонаи шахси рўзадор меҳмоне ояд, вай метавонад ба эҳтироми меҳмон рўзаи нафлиашро ҳамроҳи меҳмон бихўрад ва пас аз он дар фурсати муносибе қазои онро ба ҷой оварад.
302 Саҳеҳи Бухорӣ, 1905, 5065, 5066; Саҳеҳи Муслим, 3384 (1400)-1; Сунани Абўдовуд, 2046; Сунани Тирмизӣ, 1081. Ҳадисро аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят кардаанд.
303 Саҳеҳи Муслим, (1026)-84; Сунани Абўдовуд, 2458; Сунани Тирмизӣ, 782. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё